
Мутаассифона дар ин асри пур аз фитна ҳатто ба бозорҳо сафар мекунанд ҳамроҳи дукондорон мазоҳ мекунанд, ҳол он ки ҳатто сафар ба сӯйи Байтуллоҳро ислом бидуни маҳрам манъ фармуданд.
Исломи азиз амр мефармояд, ҳарҷо, ки зан меравад ба хотири дар амон будан аз гургон ва шаётин бо худ маҳрам дошта бошанд.
Абдуллоҳ Ибн Аббос аз Расули Аллоҳ ﷺ ривоят мекунад, ки фармуданд:
“Зан мусофират накунад, магар ин ки бо маҳорими худ бошад. Ва ҳиҷ марде бар ӯ дохил нашавад, магар ин ки бо ӯ маҳрам бошад, яке аз саҳобаҳо гуфт: эй расули Аллоҳ ﷺ, ман мехоҳам бо лашкари фалонӣ ба ҷанг биравам ва занам мехоҳад ба ҳаҷ биравад, Расули Аллоҳ ﷺ фармуд: бо зани худ ба Ҳаҷ бирав.
? Бубин ки ҷиҳод бо он аҳамият ва фазилате, ки дорад, аммо Паёмбарﷺ саҳобаро амр мекунад, ки ба ҷиҳод нарав, балки бо ҳамроҳии ҳамсарат ба ҳаҷ биравад ва онро танҳо нагузорад, пас Паёмбар ﷺ дар он аср гуфт ба ҷиҳод нарав валекин ҳамроҳи ҳамсарат бош.
Пас дар ин замони фитнае, ки мо қарор дорем агар Паёмбарﷺ мебуд чи мегуфт?


