| Ҷумҳурии Тоҷикистон (форсӣ: جمهوری تاجیکستان, англисӣ: Republic of Tajikistan) | |
| Истиқлол: | 9.09.1991 (аз Иттиҳоди Шуравӣ) |
| Забони расмӣ: | тоҷикӣ (форсӣ) |
| Пойтахт: | шаҳри Душанбе |
| Шакли ҳукумат: | ҷумҳурии президентӣ |
| Номи аҳлият: | тоҷикистонӣ |
| Воҳиди пул: | сомонӣ (TJS, рамз 972) |
| Домен: | .tj |
| Рамзи ISO: | TJ |
| Рамзи КБО: | TJK |
| Пешшумораи телефон: | +992 |
| Минтақаи замонӣ: | UTC+5 |
Тоҷикистон (форсӣ: تاجیکستان) — кишваре дар Осиёи Марказӣ аст. Номи расмии кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон (форсӣ: جمهوری تاجیکستان) ва пойтахташ шаҳри Душанбе мебошад.
Тоҷикистон дар шимолу ғарб бо Ӯзбекистон (1161 км), дар шимолу шарқ бо Қирғизистон (870 км), дар шарқ бо Чин (414 км) ва дар ҷануб бо Афғонистон (1206 км) марз дорад. Марзҳои Тоҷикистон бисёр печдор буда дар тӯли чандин аср ташаккул ёфтаанд. Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон соли 1885 таъйин шудааст ва он аз рӯдҳои Панҷ ва Омударё мегузарад.[1]

Тоҷикистон кишвари кӯҳсор ва пурбориш аст ва манобеъи фаровони зеризаминиву об дорад. Ин кишвар ба дарёҳои озод дастрасӣ надорад.
Тибқи иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бозҳисобкунии аҳолӣ оид ба муайян намудани санаи таваллуди шаҳрванде, ки аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба 9 миллион мерасонад, 26 майи соли 2018 муқаррар карда шуд.[2]
Ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси тақсими он ба ҳокимияти қонунгузор. иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад.
Иқлими Тоҷикистон гарму хушк аст ва зимистонаш кӯтоҳу серун ва тобистонаш дарозу гарм аст. Дар моҳи январ дамои ҳаво аз +22 °C (дар ноҳияи Панҷ) то −61 °C (дар Булункӯл), дар моҳи июл дамои ҳаво аз −8 °C (дар Булункӯл) то +50 °C (дар ноҳияи Панҷ) тағйир меёбад.
Вобаста аз пастиву баландии маҳалл аз сатҳи дарё, дар Тоҷикистон чанд навъи иқлим ташаккул меёбад:
- Иқлими хушки субтропикӣ (дар водиҳои Вахш ва Ҳисор) ки тобистон тӯлониву гарм ва зимистон кӯтоҳу нарм ва мизони бориш кам (150—200 мм) аст.
- Иқлими мӯътадил дар минтақаҳои миёнакӯҳ ки тобистон серун ва зимистон сард буда мизони бориш бисёр (то 1550 мм) аст.
| Сарчашма: |
| 1. Тоҷикистон |
| 2. ИМРӮЗ СОКИНИ 9-МИЛЛИОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ДУНЁ ОМАД! (Ховар) |
Точикистон, дар точикистон, чумхурии точикистон, точикистон имруз, курс точикистон, точикистон 2019, президенти точикистон, имруз дар точикистон, курс дар точикистон, президенти чумхурии точикистон, озоди точикистон, руси точикистон, радио точикистон, тоҷикистон, ҷумҳурии тоҷикистон, дар бораи тоҷикистон, президент тоҷикистон, қонуни тоҷикистон, президенти ҷумҳурии тоҷикистон, қонуни ҷумҳурии тоҷикистон, ҳукумати тоҷикистон, дониш су, суйи дониш, donish su, donish.su, Сӯйи ДОНИШ.


