Ҳамагон орзӯ мекунанд, ки соҳиби мошин, хонаву дар ва зиндагии осоишта бошанд, аммо ин на ба ҳамагон муяссар мегардад. Солҳои пеш зиндагӣ барои тамоми халқҳои ҷаҳон мушкил буд, чунки барои зиндагии арзанда кардан шароитҳо фароҳам набуданд. Имрӯз чӣ? Бо пешрафти соҳаи техникаву технология ва муосиркунонии ҷомеаи ҷаҳонӣ, имрӯзҳо тамоми шароитҳо барои зиндагии осоишта фароҳам оварда шудаанд. Маҳз техникаву технология мебошад, ки ҳамагон аз онҳо истифода менамоянду кори худро осон мекунанд. Яке аз техникаҳое, ки дар ҳақиқат барои тамоми сайёра зарур аст, нақлиёт ба ҳисоб меравад. Баъд аз он ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ нақлиёт пайдо шуд, зиндагии мардум боз ҳам беҳтар ва талаботашон ба навъҳои гуногуни нақлиётҳо зиёд шудан гирифт. Дар ин сатҳ ширкатҳои нақлиётбарорӣ кӯшиш мекарданд, ки яке аз дигаре беҳтарин нақлиётро пешниҳоди бозори ҷаҳонӣ намоянд. Ширкати “Mercedes – Benz ” аз ҷумлаи ширкатҳоест, ки вобаста ба талабу завқи мардум нақлиётҳои босифату замонавиро пешниҳоди бозори ҷаҳонӣ менамояд. Дар ин ҷо мо хостем Шуморо бо якчанд факти ҷолиби ин ширкат ошно намоем.

Ширкати Mercedes-Benz таърихи бою дуру дароз дорад. Ин ширкатро асосан Карл Бенз дар якҷоягӣ бо Готлиб Даймлер ва Вилгелм Майбах дар шаҳри Штутгарти Олмон ташкил намудаанд. Карл Бенз яке аз нафаронест, ки авввалин автомобилро дар ҷаҳон ихтироъ кардааст.
Логотипи Mercedes-Benz чунин маъно дорад, ки ин ширкат на танҳо нақлиёт, балки ҳавопаймову дигар механикаҳои зеризаминиву ҳавойи низ месозад. Яъне ситораи се самта дар логотипи чунин нақлиётҳо ифодаи он аст, ки ширкат дар се самт заминӣ, обӣ ва ҳавоӣ техника истеҳсол мекунад.
Аввалин маротиба таҷҳизотҳои бехатарӣ аз ҷумла онҳое, ки дар садамаҳои нақлиётӣ кӯмак мерасонанд, дар нақлиётҳои ин ширкат насб шудааст.
Мерседес калонтарин ширкати нақлиётбарорӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.
Бисёриҳо мегӯянд, ки Мерседес ин номи занона аст. Аслаш ин аст, ки сафири авсро – венгриягӣ – Эмил Еллинек сармоягузорӣ ин ширкат мешавад ва яку якбора дар бозори ҷаҳонӣ ширкат нуфузи баландеро соҳиб мегардад. Эмил Еллинек як духтарчае бо номи Адриана Мануэла Рамона Еллинек доштааст ва аз сабаби дарозии номаш ӯро дар хона Мерседес мегуфтаанд. Маҳз барои нуфузи ширкатро баланд бардоштани Эмил Еллинек номи ширкатро чунин мегузоранд.
Номи ширкатро ба ғайр аз “Mercedes-Benz” инчунин, “Daimler – Benz” низ мегӯянд.
Аввалин нақлиёти ин ширкат бо номи Mercedes-Benz G3a сохта шуда, соли 1929 пешниҳоди бозор гардидааст.
Шумо низ агар ягон факти дигар дар бораи ин ширкат бидонед, пас дар шарҳ нависед.
Маълумот дар бораи ширкати Мерседес



Мардонааст