Сураи Зумар Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Зумар Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Зумар Ояти 17

وَالَّذِيۡنَ اجۡتَنَـبُـوا الطَّاغُوۡتَ اَنۡ يَّعۡبُدُوۡهَا وَاَنَابُوۡۤا اِلَى اللّٰهِ لَهُمُ الۡبُشۡرٰى‌ ۚ فَبَشِّرۡ عِبَادِ ١٧

Ва-л лазӣнаҷтанабу-т-тоғута ай яъбудуҳа ва анабу илаллоҳи лаҳуму-л-бушро. Фа башшир ъибад. 17.

17. Ва ононе ки аз парастидани шайтонҳо парҳез карданд ва бо тавба ба сӯйи Аллоҳ бозгаштанд, онҳоро мужда аст, пас, он бандагони Маро башорат деҳ,

Бинобар услуби Қуръонӣ барои ҳосил шудани тарғибу тарҳиб оятҳои ваъду ваъид (ваъдаи роҳату азоб) паи ҳам меоянд. Зеро чунин тарзи нигориш мӯҷиби камоли фаҳми хонандагон ва пандбардорандагон мешавад. Бинобар ин, дар мазмуни ояти мазкур Аллоҳтаъоло барои шахсоне, ки аз ибодати бутҳо ва итоати шайтонҳо дурӣ меҷӯянд, ҳар чи Қадар метавонанд аз амалҳои ширкомез парҳез мекунанд ва ба тоату ибодат руҷӯъ намуда, Аллоҳи ягонаро бо тавбаву тазаррӯъ ёд мекунанд, муждаи наҷот расонида шудааст.

Яъне Аллоҳтаъоло чанд сифати бандагонеро, ки ба дохил шудани Ҷаннат сазоворанд, дар ин оят зикр намуд. Расули Худ (с)-ро фармуд, ки чунин шахсони номбурдаро ба дохил шудани Ҷаннат башорат бидиҳад. Дигар сифатҳои шахсони ҷаннатиро ояти зер, иншоаллоҳ, баён мекунад:


Рӯйхати оятҳои Сураи Зумар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Зумар Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Зумар Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)