Сураи Зумар Ояти 31 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Зумар Ояти 31 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Зумар Ояти 31

ثُمَّ اِنَّكُمۡ يَوۡمَ الۡقِيٰمَةِ عِنۡدَ رَبِّكُمۡ تَخۡتَصِمُوۡنَ ٣١

Сумма иннакум явма-л Қийамати ъинда Раббикум тахтасимун. 31.

31. Сипас, рӯзи Қиёмат шумо назди Парвардигори худ, албатта, бо якдигар хусуматкунандаед.

Ояти мазкур ва ояти 144-уми сураи «Оли Имрон» аз ҷумлаи оятҳоест, ки Абӯбакр (р) баъд аз вафоти Расулуллоҳ (с) то ин ки мардум мавти Расулуллоҳ (с)-ро бовар кунанд, шоҳидӣ доду хонд. Аллоҳтаъоло зимни ояти мазкура фармудааст, ки ай Муҳаммад (с), ту ин дори фаноро албатта падруд мегӯй, мушрикон ҳам ба зудӣ мирандаанд.

Аз мазмуни оят барои мо маълум мегардад, ки ҳеҷ як инсон, ҳатто пайғамбарон дар дунё абадӣ боқӣ намемонанд. Оқибати зиндагии ҳар як инсон мавт аст. Он дар лаҳзаи муқарраркардаи Аллоҳ ба вуқӯъ меояд. Дар он рӯз мардум аз неъматҳои истифодабурдаашон пурсида мешаванд. Муваҳҳидону мушрикон назди Аллоҳ ҷамъ карда мешаванд. Онҳо бо ҳам хусумат мекунанд. Хусумат байни инсонҳои ростгӯву дурӯғгӯ, золиму мазлум, оқилу ҷоҳил, бо тавозӯъу мутакаббир, инчунин рӯҳу ҷасад ва ғайра сурат мегирад. Аллоҳтаъоло байни онҳо бо ҳақ ҳаллу фасл мекунад. Муъминҳои муваҳҳиди (Худоро яккадонанда) мухлис наҷот меёбанд. Кофирони мушрики ҳакро дурӯғ ҳисобанда ба азоб гирифтор мешаванд. Масалан, рӯҳ ба ҷасади худ мегӯяд, ки ту ин кори гуноҳро кардаӣ ва ҷасад бошад ба рӯҳ мегӯяд: «Ту маро амр намудӣ ва хоҳишоти худро ба воситаи ман амалӣ намудӣ». Дар ин асно Аллоҳтаъоло фариштагонро, то ин ки байни онҳо одилона фаслу ҳукм кунанд, равон месозад. Он ду малоика ба хусуматукунандагон мегӯянд: «Мисоли шумо ба мисоли марди шалли бино ва марди нобинои солимро мемонад, ки он ҳар ду беиҷозати соҳиб вориди бӯстоне шуданд. Бино ба рафиқи нобинои худ гуфт: «Ман дар ин бӯстон меваҳои дилкашро мебинам, аммо чун шалам, ба онҳо расида наметавонам» Рафиқи нобино гуфт: «Ба болои ман нишин ва он меваҳоро бичин, то ҳарду аз онҳо тановул кунем». Ҳамчунин карданд. Шумо бигӯед, ки кадом яке аз онҳо дар ин бӯстон таҷовуз намудаанд? Ҷасаду рӯҳ дар ҷавоб мегӯянд: «Ҳар ду!» Пас малоик ба онҳо мегӯянд: «Шумо ҳукми худро содир намудед. Ин хусумати шумо чӣ фоида ва чӣ маъно дорад? Дигар хусумат накунед!»

Мушрикон дар он рӯз то худро сафед созанд, ҳуҷҷат меҷӯянд, вале тамоми аъзои онҳо бар зидди онҳо шоҳидӣ медиҳанд. Инчунин кофирон дар муқобили Анбиё (а) ва муъминҳо ҳуҷҷатҳо меоранду мегӯянд, ки ҳеҷ кас ҳукми Туро ба мо нарасонид. Фариштагон, Замину осмон, барои дурӯғ гуфтанашон алайҳи онҳо шоҳидӣ медиҳанд.

Хулоса, дар мазмуни ин оят бо навъҳои гуногун эзоҳу тафсирҳо навиштаанд. Адли Парвардигорро ҳеҷ кас гардонида наметавонад ва албатта, ҳақ ба ҳақдор мерасад. Ҳатто адли Парвардигор байни ҳайвонҳо ҳам сурат мегирад, яъне ҳайвони мазлум аз ҳайвони золим ҳаққашро мегирад.

Ихтилофе, ки байни мушрикону муваҳҳидон айни ҳол барои кори дину дунё вуҷуд дорад, то рӯзи Қиёмат ва баъди он ҳам то ҳукми одилонаи Аҳкамул ҳокимин боқӣ хоҳад монд. Мардум баъди ин гуна хусумат ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд. Гурӯҳе ба тарафи Ҷаҳаннам ва гурӯҳе ба сӯйи Ҷаннат роҳ пеш мегиранд.

Поёни пораи 23


Рӯйхати оятҳои Сураи Зумар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Зумар Ояти 30 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Зумар Ояти 32 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)