Оё шумо Созмони Миллали Муттаҳидро медонед?

0

Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ бо оқибатҳои хеле бад ба анҷом расида буд. Пас аз ҷанг, давлатҳо барои пешгирии чунин фалокатҳои вайронакор дар оянда ба ҳамкорӣ намудан созиш карданд.Дар асоси ин созиш Созмони Милали Муттаҳид (СММ) таъсис дода шуд.

Созмони Миллали Муттахид
Созмони Миллали Муттахид

Вазифаи асосии СММ мусоидат ба ҳамкориҳои дӯстонаи байни кишварҳои ҷаҳон хизмат намудан мебошад. Дар ҳоли ҳозир дар ин созмони байналмилалӣ 193 давлат аъзо мебошанд. Забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, русӣ, испанӣ ва чинӣ забонҳои расмии СММ мебошанд.

СММ дар соҳаҳои нигаҳдории сулҳ, саломатӣ, ҳифзи табиат, маориф, фарҳанг ва бисёр чизҳои дигар фаъолият мебарад. Идораи марказии ин ташкилот дар шаҳри Ню-Йорк ҷойгир шудааст. Ин бинои 39 ошёна соли 1952 сохта шудааст. Дар майдони назди бино бошад, парчамҳои кишварҳои ба СММ аъзо буда парафшонӣ мекунад. Аз 2-юми марти соли 1992 дар ин майдон парчами Тоҷикистон низ парафшон аст. Зеро он рӯз кишвари мо узви СММ шуда буд.

Тибқи қарори СММ дар соли 1979, давлатҳо Моҳро фақат бо роҳи тинҷӣ тадқиқ карданашон мумкин. Ҳеҷ як давлат ба Моҳ ва ҷисмҳои ба ҳамин монанди осмонӣ соҳибӣ карданаш мумкин нест.

Мақолаи қаблӣ14 далели ҷолиб аз миёни ҳайвонот
Мақолаи баъдӣАлокаи чинси аз нигохи Ислом (хамхобаги)