Шумо мехоҳед, зиёдтар кор кунед, вале зуд мондагиро ҳис мекунеду фаъолиятатон давоми рӯз суст мегардад. Ҳеч гоҳ мондагиро рафъ накарда, барои иҷрои коре худро маҷбур насозед, чунки дар натиҷа аз кори худ дилгир мегардеду муваффақ намешавед! Барои аз нав қувваи корӣ пайдо кардан, ба Шумо чанд тавсия пешниҳод мекунем:

1. Бар асари мондагии зиёд шуморо хоб пахш мекунад. Ба худ сарборӣ накунед, дар ҷойи нишаст, дар утоқи кори муддате чашмонатонро пушида, кӯшиш намоед, ки ба ҳеҷ чиз фикр накунед. Баъди 5-10 дақиқа чашмҳои худро кушоед, он гоҳ пай мебаред, ки қувваатон то андозае барқарор шудааст.
2. Коғазу қалам гирифта, ба таври худ расмкашӣ кунед. Ба расми тасвирнамудаи хеш чанд дақиқа нигаред, асабҳоятон ором ва мондагиатон рафъ мегардад.
3. Натанҳо монда, балки нокомиҳои лаҳзаҳои охир Шуморо дилгир сохтааст, пас, муваффақиятҳои пешинаатонро ба ёд биёред. Бовар кунед, баъди ёдовар шудани пешравиҳо Шумо табассуми ширине мекунеду аз нав бо дилгармӣ ба кор идома медиҳед.
4. Афроде ҳастанд, ки дар ҷойи кор ба сардори худ вобастагии зиёд доранду онҳо ҳатто ба муддати 5 дақиқа озод буда наметавонанд. Чунин нафаронро мебояд, барои бисёр дилгиру монда нашудан, ба психологияи худ кор гиранд. Бо самимият амал намоянд. Ба он бовар дошта бошанд, ки агар корро аз самими қалб ичро кунанд, метавонад, ҳар лаҳза шахсият ва зиндагии онҳоро тағйир диҳад. Озмуда бинед, вақте ки бо самимият кореро иҷро мекунед, ҳеҷ гоҳ хастагиро эҳсос нахоҳед кард.
Шумо чӣ тавсия доред, марҳамат нависед.
Тавсияхо барои хаста нашудан, рафъи хастаги, тавсия.


