Фактҳо дар бораи чашм

0

Сеҳри чашмон ё якчанд далелҳои ҷолиб дар бораи чашм. Ба дӯстонатон ҳам расонед >>

• Дар дунё ҳеҷ кас чашмонашро кушода атса зада наметавонад.

• Ҳаҷми гавҳараки чашмони инсон вақти таваллуд шуданаш чӣ хеле, ки бошад, дар давоми умраш бетағйир мемонад. Гӯшҳо ва бинӣ баръакс, аз сабзидан ҳеҷ гоҳ намемонанд.

• Кайҳоннавардон замони ба фазо баромаданашон гириста наметавонанд, зеро таҳти таъсири ҷозиба (гравитатсия) ашки чашмонашон ба пулакчаҳои хурд табдил ёфта, чашмонро ба сӯзиш меоранд.

• То дуҳафтаина шудани кӯдак аз чашмонаш заррае ашк намебарояд.

• Ҳар як чашм зиёда аз 107 миллион ҳуҷайра дошта, ҳамаи онҳо равшаниро эҳсос менамоянд.

• Кӯдаки навзод танҳо ашёҳои дар масофаи 38 сантиметр воқеъбударо дида метавонад. Вақти фарзандашро макондани модар рӯйи ӯ аз кӯдак тақрибан дар ҳамин масофа ҷойгир аст.

Мақолаи қаблӣФактхои чолиб дар бораи одам
Мақолаи баъдӣТифле, ки баъд аз таваллуд шудан сухан гуфт