50 саволу чавоби исломи

0

калимаи тайиба

Дар ин мақола 50 саволу чавоби исломи, панҷоҳ савол ва ҷавоби муҳим, ки ҳар як фарди муъмин бояд огоҳӣ дошта бошад, оварда мешаванд. Хонед ва сомонаи www.donish.su-ро ба дӯстонатон дар шабакаҳои иҷтимоӣ тавсия диҳед.

С1. Парвардигорат кист?
Ҷ1. Парвардигорам Аллоҳ аст.

С2. Динат чист?
Ҷ2. Динам Ислом аст.

С3. Паёмбарат кист?
Ҷ3. Паёмбарам Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам).

С4. Туро ки халқ кардааст?
Ҷ4. Ман ва ҳама махлуқотро Аллоҳ таъоло халқ кардааст.

С5. Барои чӣ Аллоҳ таъоло моро халқ кардааст?
Ҷ5. Аллоҳ таъоло моро барои ибодати худ халқ кардааст.

С6. Ислом чист?
Ҷ6. Ислом, ин таслим шудан ба ягонагии Аллоҳ таъоло ва итоъат кардан ба Ӯ ва холисона парастиш кардан ва дурӣ аз ширк ва аҳли он.


С7. Аркони Ислом чанд аст?
Ҷ7. Аркони Ислом панҷ аст:

  1. Гуфтани калимаи шаҳодат. Ашҳаду ан ло илоҳа иллалоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва Расулуҳ.
  2. Панҷ вақт намоз гузоридан.
  3. Рӯзаи моҳи шарифи Рамазонро доштан.
  4. Закоти мол додан.
  5. Ҳаҷҷи хонаи Каъба кардан .

С8. Кадом Дин дар назди Аллоҳ қабул аст?
Ҷ8. Дини Ислом.

С9. Имон чист?
Ҷ9. Имон гуфтан бо забон, иқрор намудан бо қалб ва амал кардан бо аъзо ва имон бо тоат зиёда гашта, бо маъсият ноқис гардад .

С10. Аркони имон чанд аст?
Ҷ10. Аркони имон шаш аст. Имон ба Аллоҳ, имон ба фариштагони Ӯ, имон ба китобҳои Ӯ, имон ба Паёмбарони Ӯ, имон ба рӯзи қиёмат ва имон ба тақдири некӣ ва бадӣ.

С11. Аввалин воҷиб бар бандагон чист?
Ҷ11. Ягона парастидани Аллоҳ таъоло.

С12. Калимаи Тавҳидро зикр кунед?
Ҷ12. “Ло илоҳа иллаллоҳ.”

С13. Маънои “Ло илоҳа иллаллоҳ” чист?
Ҷ13.”Нест маъбуди барҳақ баҷуз Аллоҳ.”

С14. Аллоҳ таъоло дар куҷост?
Ҷ14. Дар осмон. Далел. “Ҳамон Бахшандае, ки бар Арш қарор аст”. Тоҳо-5.

С15. Оё Аллоҳ таъоло ҳамроҳи мост?
Ҷ15. Бале, бо илми Худ ҳамроҳи мост, мебинад ва мешунавад.

С16. Оё касе аз мо ғайбро медонад?
Ҷ16. Ба ғайр аз Аллоҳ касе аз мо ғайбро намедонад.

С17. Бузургтарин савоб чист?
Ҷ17. Ягона парастидани Аллоҳ таъоло бузургтарин савоб аст.

С18. Бузургтарин гуноҳ чист?
Ҷ18. Ба Аллоҳ таъоло ширк овардан бузургтарин гуноҳ аст.

С19. Дуо чӣ аҳмият дорад?
Ҷ19. Дуо ибодат аст.

С20. Ҳукми тарки Намоз чист?
Ҷ20. Куфр аст.

С21.Маънои Муҳаммадур Расуллуллоҳ чист?
Ҷ21. Яъне, албатта Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фиристодаи Аллоҳ ба сӯйи ҳама аз ҷинҳо ва инсонҳост.

С22. Мо бояд аз ҳама бештар киро дӯст дорем?
Ҷ22. Паёмбарамон Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам).


С23. Шартҳои қабули амал чанд аст?
Ҷ23.

1. Ихлос.
2. Пайравӣ ба Паѐмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам).


С24. Аллоҳ Фариштагонро аз чӣ халқ кард?
Ҷ24. Аз нур халқ кард.

С25. Афзалтарини Фариштагон кист?
Ҷ25. Ҷибрил (алайҳис салом).

С26. Ду номи фариштаи саволдиҳанда дар қабрро зикр кунед?
Ҷ26. Мункар ва Накир (алайҳимус салом).

С27. Фариштагони бардорандаи Арш чанд нафаранд?
Ҷ27. Ҳашт нафаранд.

С28. Фариштаи муваккал ба қабзи рӯҳ чӣ ном дорад?
Ҷ28. Малакул-мавт

С29. Оё собит шудааст, ки номи фариштаи муваккал ба қабзи рӯҳ Азроил аст?
Ҷ29. Не, собит нашудааст.

С30. Оё Ҷин ва Шайтонҳоро бо сурати аслиашон дида мешавад?
Ҷ30. Не.

С31. Оё аз Ҷин ва Шайтонҳо битарсем?
Ҷ31. Не, албатта мо бояд фақат аз Аллоҳ битарсем.

С32. Оё тамоми Ҷинҳо кофиранд?
Ҷ32. Не, аз онҳо баъзеашон мусалмон ва баъзеи дигар кофиранд.

С33. Оё Шайтонҳо душманони мо ҳастанд?
Ҷ33. Бале.

С34. Мақсади асосии Шайтон чист?
Ҷ34. Дохил кардани инсонҳо ба дӯзах аст.

С35. Чаҳор китоби осмонии нозилшударо зикр кунед?
Ҷ35. Забур, Таврот, Инҷил, Қуръон.

С36. Ақидаи мо бар бораи Қуръон чист?
Ҷ36.Қуръон каломи Аллоҳ аст, ки нозилшуда ва махлуқ нест.

С37. Панҷ бузургтарин Паёмбаронро зикр кунед?
Ҷ37. Нӯҳ, Иброҳим, Мусо, Исо, Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам).

С38. Дари тавба кай баста мешавад?
Ҷ38. Баъди баромадани офтоб аз тарафи мағриб.

С39. Сирот чист?
Ҷ39. Сирот гузаргоҳи болои Ҷаҳаннам аст.

С40. Ҷаннат дар куҷост?
Ҷ40. Ҷаннат дар олитарин макон дар осмон аст.

С41. Дӯзах дар куҷост?
Ҷ41. Дӯзах дар пастарин макон дар зери замин аст.

С42. Ҷаннат чанд дарвоза дорад?
Ҷ42. Ҳашт.

С43. Аксари аҳли Ҷаннат киҳоянд?
Ҷ43. Фақирон ва мискинон.

С44. Аксари аҳли Дӯзах киҳоянд?
Ҷ44. Занон.

C45. Ҳукми дашном додани замона чист?
Ҷ45. Ҳаром аст.

C46. Вақти даромадан ба хона чӣ мегӯем?
Ҷ46. Бисмиллоҳ.


С47. Баъзе аз одоби шабро зикр кунед?
Ҷ47.

1. Қулф кардани дарвоза.
2. Пӯшидани болои об.
3. Намондани кӯдакон ба кӯча.
4. Хомӯш кардани оташ.


C48. Қиёмат кай қоим мегардад?
Ҷ48. Аллоҳ таъоло медонад.

C49. “Мағзӯби алайҳим” (ғазабшудагон) кист?
Ҷ49. Яҳӯд.

C50.”Золлин” (гумроҳон) кист?
Ҷ50. Насоро.


Дигар саволу ҷавобҳоро инҷо бубинед >>Саволу ҷавоби исломӣ

Мақолаи қаблӣФурухтани хун, гурда ва шири зан дар ислом
Мақолаи баъдӣСингуларитии технологӣ ва бемаргии инсон (ҳаёти ҷовидона)