Тафсири Сураи Ъабаса Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ъабаса Ояти 17
قُتِلَ الۡاِنۡسَانُ مَاۤ اَكۡفَرَهٗؕ ١٧
Қутила-л-инсану ма акфараҳ. 17.
17. Марг бар одамӣ бод, ки ин қадар носипос аст!
Яъне марг бар ин гуна инсони беимон, ки Қуръони каримро, ки як неъмати азим аст, қадр накард ва ҳаққи Худоро нашинохт ва ба Худо куфру нофармонӣ варзид. Ҳатто андеша накард, ки Худо худи вайро чӣ гуна ба ҳастӣ овард ва ӯ ин қадар кофири сахт шуд, ки Холиқи худашро фаромӯш кард.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ъабаса «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «