“МӮЪҶИЗА” ДАР ҶАЗИРАИ ЧИНДО ё Муъчизаи хазрати Мусо, ки то замони мо омада расидааст. Чунин ном гирифтааст, мақолаи навбатии сомонаи www.DONISH.su.
Дар бораи ҷазираи Чиндои Корея басо қиссаю афсона мавҷуд аст. Аммо дар он ҷо аҷоиботе низ ҳастанд, ки бо чашми сар метавон дид. Аз ҷумла “муъҷизаи Мӯсо”-ро.
Ҳар сол моҳҳои март – июн чанд маротиба ба муддати кӯтоҳ метавон шоҳиди бевоситаи ин муъҷиза шуд. Ҳангоми ҷазр байни Чиндо ва дигар ҷазираи на он қадар калони Модо оби баҳр ба ду тараф ҷудо мешавад ва дар қаъри аёнгаштаи баҳр “роҳ” пайдо мегардад, ки бо он пойро тар накарда гаштан мумкин аст.

Масофаи як ҷазира аз дигараш тахминан 2,7 км, паҳнои “роҳ” 30 – 40 метр мебошад. Бо мадди об роҳ боз дар қаъри баҳр нопадид мешавад.


