Тафсири Сураи Ъабаса Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ъабаса Ояти 19
مِنۡ نُّطۡفَةٍؕ خَلَقَهٗ فَقَدَّرَهٗ ١٩
Мин-н-нутфатин халақаҳу фа қаддараҳ. 19.
19. Аз оби нутфа ӯро офариду пас, ӯро андоза (тақдир) кард,
Баъд аз он ки нутфа аз пушти падар ба батни (бачадони) модар мегузарад, Худованд онро дар чил рӯз ба хуни сарбаста табдил медиҳад. Боз баъди гузаштани 40 рӯз онро ба гӯштпора мубаддал мегардонад, сипас то 40 рӯзи дигар устухонҳоро падид оварда онҳоро бо гӯшту пӯст пӯшонида, тамоми аъзоҳои ӯро дуруст месозад, то ин марҳила 4 моҳ сипарӣ мешавад. Баъдан малоикае бо амри Худованд ҷони (рӯҳи) он бандаро ба баданаш ворид месозад. Дар ин марҳила бо амри Парвардигор ризқу рӯзӣ, некию бадӣ, муддати умр ва дигар ҳолатҳои тақдираш низ сабт мегардад.
Ба қатраи оби беқадре, ки аз ҳусну идроку ақл холӣ буд, Худои карим бо фазли Хеш ҳусну ҷамол ва ақлу идрок ато фармуд. Оё лоиқ аст, ки инсон асли худро фаромӯш кунад ва аз Офаридагор ва Мунъими (неъматдиҳандаи) ҳақиқии худ ва аз чунин панди судманде, ки ба воситаи Пайғамбари Хеш (с) барояш фиристод, ғафлат варзида, беэътиноӣ кунад? Эй он касоне, ки ин қадар некиҳои Худоро фаромӯш кардаед, хуб мебуд, ки каме ҳаё мекардед ва роҳи дурустро интихоб мекардед!
Рӯйхати оятҳои Сураи Ъабаса «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «