Юсуф Вафо (ҳодисаи ҷолиб аз зиндагии шоир)

0

Юсуф Вафо (1888-1956) яке аз шоирони машҳури Кӯҳистони Мастчоҳ ба шумор меравад.

Яке аз хусусиятҳои ба худ хоси ин шоир дар он аст, ки ӯ мактаб нахондааст, яъне хату савод надошт, лек бар замми ин шеър эҷод мекард ва ҳатто китобаш низ таҳти унвони “Бо шумо ман зиндаам” нашр шудааст. Юсуф Вафо байтҳои зиёде аз ёд медонист ва дар байтбаракҳое, ки дар кӯҳистон баргузор мегардиданд ҳамеша ғолиб меомад.

Мо ҳикояи аҷиберо, ки дар ҳаёти ин шахс шуда гузаштааст ба шумо ҳикоя мекунем.

Чихеле, ки дар боло зикр рафт Юсуф Вафо ҳамеша дар байтбаракҳо ғолиб меомад. Рӯзе чанде аз дӯстонаш бо ҳам маслиҳат намуда ӯро мағлуб кардани шуданд. Ҳангоме, ки Юсуф Вафо вориди хона шуд якеи аз онҳо байти зеринро хонд:

Шоирон мурдан шумо шоир шудед,
Аз кадом гӯри лаҳад пайдо шудед?

Юсуф Вафо худро гум накарда дарҳол чунин ҷавоб дод:

Oмадам аз гӯр ба фармони Худо,
Мурдаатро то кашад Юсуф Вафо.

Мақолаи қаблӣЧаро чоизаи Нобелро ба математикхо намедиханд?
Мақолаи баъдӣМардхо 17 хислати занро дуст медоранд