Тафсири Сураи Ъабаса Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ъабаса Ояти 25
اَنَّا صَبَبۡنَا الۡمَآءَ صَبًّا ٢٥
Анна сабабна-л-маа сабба. 25.
25. Албатта, Мо (бо қудрати Худ) ба сурати бориш об (борон)-ро рехтем,
Аллоҳтаъоло мефармояд, ки Мо аз Осмон обро яъне боронро барои рӯёнидани гиёҳҳо бо қудрати Худ резонидем! Маълум аст, ки агар аз Осмон борону барф намерехт, дон ва дигар силсилаи хӯрданиҳоро пайдо кардан мумкин набуд.
Ҳол он ки манбаи асосии ҳамаи обҳои рӯйи Замин чи шӯр ва чи ширин, аз барфу борон аст. Яке аз сабабҳои лозим будани боронро Аллоҳтаъоло дар ояти зер баён менамояд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ъабаса «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «