Сураи Ъабаса Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ъабаса Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ъабаса Ояти 24

فَلۡيَنۡظُرِ الۡاِنۡسَانُ اِلٰى طَعَامِهٖۤۙ ٢٤

Фа-л янзури-л-инсану ила таъамиҳ. 24.

24. Пас, бояд инсон(-и мункири баъс) ба сӯйи таъоми худ назар кунад.

Инсонро басанда аст, бо назари эътибор ба сӯйи ғизое, ки Худо ба ӯ медиҳад, дида бидӯзад. Оё касе қодир аст, ҷуз Худои оламиён, ба инсоният намудҳои гуногуни хӯрданиҳоро чун ризқ ато кунад? Оё ҳаст нафаре соҳиби қудрат, ки ақалан ба мисли донаи анор мевае ба вуҷуд биёрад? Албатта, нест! Пас, магар ҳамин далел шуда наметавонад ба ин бандаи кофир ва роҳгумкарда, ки ба хабари Худованд оиди аҳволи рӯзи қиёмат бовар кунад? Дар ояти карима “таъом”-ро мисол овардан бе ҳикмат нест. Зеро таъом яке аз чизҳои зарурию асосии инсон аст. Ҳар моддаи лозимиро ҷисми одам аз об, ҳаво ва хӯрок мегирад. Бо ирода ва ҳикмати Парвардигор дар ботини инсон як хоҳиши хеле пурқувват офарида шудааст. Қуввати ин нафс бо лаззатёбӣ аз хӯрок тақвият дода шудаст, то ба дараҷае, ки барои ба даст овардани хӯрок инсони бехирад ва аз Худо натарсанда ба ҳама пастӣ ва разилиҳо даст мезанад. Дар давоми ҳаёт ҳар кас садҳо ин гуна ҳолатҳоро мушоҳида мекунад.

Хулоса ҳама доимо дар такопӯи ба даст даровардани маводи зиндагӣ, минҷумла хӯрок мешаванд. Ин оятҳоро ва ин мисол (“таъом”)-ро шунида, шояд ҳар кас каме фикр кунад. Аммо сад афсӯс, инсони ғафлатзада тановул карданашро медонад, ва як лаҳза ба тафаккуру андеша намеравад, ки он чи ӯ хӯрда истодааст, аз куҷо омадааст? Кӣ ин неъматҳоро ба ӯ додааст? Бинобар ин, Аллоҳтаъоло бо ояти зер мефаҳмонад…


Рӯйхати оятҳои Сураи Ъабаса «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ъабаса Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ъабаса Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)