Ҳодисае, бо таваллуд шудани марде ҳамчун кудак, яъне дар ҳаёти дуюм таваллуд шудан ва ба ёд овардани ҳаёти гузашта дар ин мақола оварда мешавад, ки ҳодисаи ҳақиқӣ аст. (Хоҳ бовар кунед, хоҳ не…)

Писарчаи сесола, бошандаи наздикии Сурия, дар минтақаи баландиҳои Голландӣ пас аз изҳороти ҳангоманоки худ, ки дар зиндагии қаблӣ вай бо табар кушта шудааст, ғайричашмдошт дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Писарча аз гурӯҳи этноконфессионалии друзҳо бо нишони калони модарзодӣ дар сар таваллуд шудааст. Друзҳо бовар доранд, ки холҳои модарзодӣ бевосита бо воқеаи марг дар ҳаёти пешнинааш рӯйдода вобаста аст. Писарча баъди ба гап даромадан, ба волидон нақл кард, ки аз зарбаи табар ба сар ҳалок шудааст.
Вай ба куҳансолон хонае, ки гӯё дар ҳаёти қаблӣ ба сар бурдааст нишон дод. Ӯ на танҳо зодгоҳашро шинохт, балки номи пешини худро ҳам ба хотир овард.
Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ марде, ки дар борааш писарча ёдрас мешавад, дар ҳақиқат ҳам чор сол пеш бедарак шудааст. Ба писарча ҳамчунин, муяссар гашт, ки насаб ва номи қотили худро ба хотир орад. Вақте, ки бо ин одам бархӯрд, ранги одамкуш парид, вале ба гуноҳ иқрор нашуд.
Сипас, писарча куҳансолонро ба ҷойи гӯронда шудани ҷисмаш овард. Воқеан дар он ҷой устухонбанди мард ёфт шуд, дар ҳамон қисмати сараш, ки писарча холи модарзодӣ дошт, захм буд. Бар замми ин онҳо олоти куштор – табарро ёфтанд.
Пайи далелҳои даъвоӣ одамкуш ба ҷинояти содиркардааш иқрор шуд.


