Маълумотҳо оиди ширкати SAMSUNG

0

Яке аз ширкатҳои пешрафтаи ҷаҳон ин ширкати Самсунг ба ҳисоб меравад, ки  қариб дар тамоми давлатҳои сайёра  филиалҳои худро дорад.  Гарчанде дар бозори ҷаҳонӣ  ширкатҳои телефонбарорӣ зиёданд,  лекин телефонҳои пешниҳоднамудаи ин ширкат қариб ки  дар тамоми ҷаҳон паҳн гардида, дар истифодаи мардум қарор доранд. Дар ин ҷо мо хостем якчанд факти аҷиберо аз ин ширкат  пешниҳоди Шумо гардонем. 


Асосгузори ширкати “Samsung” Ли Бёнчхол мебошад.  Ин яке аз ширкатҳои калонтарини  ҷаҳон  буда, соли 1938  дар Корея ташкил шудааст.


“Samsung” калимаи кореягӣ буда, ба тоҷикӣ “се ситора”  тарҷума мешавад.  Баъзе сарчашмаҳо бар он ақидаанд, ки   асосгузори ин ширкат се писар доштааст ва аз ин сабаб номи ин ширкатро  се ситора гузоштааст. Нишонаи ширкат дар солҳои аввали ташкилёбӣ низ се ситораро ташкил медодааст.


Дар тамоми ширкатҳои “Samsung” –и сайёра ҳамагӣ 400000 нафар кор мекунанд, ки ин шумора нисбат  ба ширкати Aplle  60000 нафар зиёд аст. Маоши миёнаи  коргарони ин ширкат  бошад, дар як сол 12млрд долларро ташкил медиҳад.


Даромади ширкати “Samsung”  дар соли 2011 ҳамагӣ 250 млрд долларро ташкил додааст, ки ин шумора дар таърихи ширкат аз ҳама баланд мебошад.


Ширкати “Samsung” натанҳо, телефон, смартфон, планшет ва телевизиорро месозад, инчунин дар сохтани автомобилҳову иморатҳои калон низ   муваффақ аст. Аз ин ҷост, ки бинои аз ҳама баландтарини ҷаҳон  – Бурҷи Халифа  аз тарафи ин ширкат дар Аморати  Мутаҳидаи Араб  сохта шудааст.


Ин ширкат аввалин маротиба телевизиони рақамиро сохтааст. Телефон-соат низ бори аввал аз тарафи ин ширкат ба истифода дода шудааст.


Истифодабарандагони телефонҳои “Samsung” аз аҳолии Исландия зиёд мебошанд.


Ин ширкат ният дорад, ки даромади солонаашро дар соли 2020 ба 400 млрд доллар расонад.


Аз ҷиҳати реклама ширкати “Samsung” маблағи зиёдеро сарф мекунад. Баъзе рекламаҳое ҳастанд, ки ширкат барояшон 4млрд долларро сарф намудааст.

https://donish.net/bmw-mo-shikastnopazirem/


Ширкати самсунг, Samsung бо забони точики

Мақолаи қаблӣСтив Ҷобс ва сирри муваффақиятҳои ӯ
Мақолаи баъдӣНасби ҳуруфи тоҷикӣ дар “Android”

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед