Фактхои чолиби Точикистон аз Стофактов.рф

0

Фактхои чолиб дар бораи Точикистон, Далелхои ачоиб аз Точикистон. Факту далелҳои ҷолиб >>

душанбе, точикистон, шахри душанбе, ачаб шахри дилорои душанбе

Ба наздикӣ  сомонаи Стофактов.рф  дар бораи Тоҷикистон чунин далелҳои ҷолибро нашр намуд:


Аввалин шакли давлатдорӣ дар Тоҷикистон  ҳанӯз пеш аз милод пайдо шудааст, ки онҳо Бохтар ва Суғд ном доштанд.


Археологҳо дар наздикии ноҳияи Ховалинги кишвар мавзеи таърихии давраи палеолити поёнро кашф намудаанд, ки умри 950 – ҳазорсола дорад ва яке аз куҳантарин мавзеъ дар Осиёи Миёна ба шумор меравад.


Тоҷикистон – ин на танҳо номи як кишвар аст, балки бо чунин ном сайёраи хурде дар само давр мезанад, ки 250 миллион километр дуртар аз Замин ҷойгир аст.


Яке аз калонтарин кони нуқраи ҷаҳон дар шимоли Тоҷикистон ҷойгир  мебошад.


Сарбанди Неругоҳи барқи обии Норак ба Китоби рекордҳои Гиннесс чун баландтарин сарбанд ворид шудааст – баландии он 304 метр аст, яъне он аз манораи Эйфел ҳам, баландтар мебошад.

Таҳияи Фарзона Файзалӣ

Мақолаи қаблӣЗардушт кист? Оё у Паёмбар буд?
Мақолаи баъдӣШеър дар васфи ПАДАР