Тафсири Сураи Ахкоф – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳим
Сураи «Аҳқоф» ба ғайри оятҳои 10, 15, ки дар Мадина боқӣ дар Макка нозил шуда, дорои 35 оят аст.
Чун дигар сураҳо сураи мазкур дар Макка нозил шуда рукни асосии ақидаи мусулмононро, ки имон ба Аллоҳ таъолост, ки бояд бо дилу забон, ба ваҳдонияти Ӯ таъоло имон оваранд, дар бар гирифтааст. Ҳамчунин атрофи масъалаҳои мақсад аз фиристодани пайғамбарон, зинда гардонидан баъд аз миронидан ва аз ҳисобу ҷазои рӯзи қиёмат баҳс мекунад. Сура бо далелҳои қотеъу саҳеҳ, дурустии фиристода шудани Пайғамбари охируззамон (с) ва тамоми пайғамбаронро исбот месозад. Оятҳои аввали ин сура дар бораи нозил шудани Қуръон ва ҳақ будани он ва нодурустии эътиқод ба бутҳо, беқудратии онҳо ва рӯзи қиёмат шафоъат накардани онҳо сухан мекунад. Шубҳаи ширковардагон атрофи китоби Аллоҳ баён гардида, бо далелҳои раднашаванда онҳоро саркӯбу муттаҳам мегардонад. Ҳамчунин аз аҳли башар, ки гурӯҳе аз онҳо равандаи роҳи ҳидоят ва дигаре гумроҳу ба залолат дучор омадааст, сухан меравад. Зимнан, аз фарзанди солеҳ, ки ӯ бар имони фитрии хеш мустақим монда, ҳар чӣ қадар солхӯрда шавад ҳам, некӯӣ ба волидайнашро ботақво, иззату икром, хайру эҳсон зиёд мегардонад, ёд мешавад. Бар хилофи ин аз фарзандони нохалаф, ки имони фитрии худро тарк намуда, ба ин сабаб оқи волидайн (падару модар) гардидаанд, намуна оварда мешавад. Ашхосе, ки зинда гардонидани баъд аз мирониданро ҳақиқат надониста, ҳазлу масхара мекунанд, дар ин сура зикр мешаванд.
Ба хотири ҳидоят ёфтани қурайшиҳое, ки ба ботлоқи кибру ғурур ғӯтида буданд, аз рӯйи лутфу меҳрубонии хоси Худ Худованди таъоло аз қавмҳои Ҳуд ва Од, вақто ки онҳо ба қуввату нерӯи хеш мағрур шуда дар баҳри куфру фасоду кибр ғарқ гашта, на Аллоҳро шинохтанду на расулони Ӯро, оқибатуламр ба ғазаби Парвардигор гирифтор гашта, ба ҳалокат расиданд, мисол меорад.
Барои ибрати инсонҳои саркашу туғёнкор дар хатми сура аз рафтори ҷинҳое сухан меравад, ки чун онҳо тиловати Қуръонро шуниданд, дар ҳол имон оварданд, аз рӯзи қиёмат қавми худро бим дода, ба имон овардани ба Аллоҳи яккаву ягона даъват намуданд.
Аз он сабаб сура номи «Аҳқоф»-ро гирифтааст, ки номи маҳалли зисти қавми ҳалокгаштаи Од дар мулки Яман Аҳқоф ном доштааст. Ин буд нигоҳи мухтасар ба мундариҷаи ин сура.
Рӯйхати оятҳои Сураи Аҳқоф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «