Сураи Аҳқоф Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ахкоф Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Аҳқоф Ояти 1

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм

Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.

حٰمٓ ١

Ҳа, Мӣм. 1.

1. Ҳо, мим. (маънои ин ҳарфҳоро танҳо Худованд медонад.)

Маъно ва муроди ин ҳарфҳоро Аллоҳ таъоло Худаш хубтар медонад. Зеро онҳо аз ҷумлаи муташобеҳот (рози нокушода) буда, аҳли суннат ва ҷамоъати мусалмонон ҳангоми тафсири Қуръон аз шарҳи оятҳои муташобеҳ худдорӣ мекунанд. Аммо тафсири муташобиҳот дар баъзе ҳошияҳо ба чашм мерасад. Аз ҷумла Имом Қушайрӣ гуфтааст, ки «ҳо»-и «Ҳо мим» ишорат аст ба ҳукми илоҳӣ ва «Мим»-и он киноя аст аз маҷду бузургӣ ва подшоҳии Ӯ таъоло. Яъне ҳукми Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло ва азамату подшоҳии Ӯ бар ҳама чиз комилан шомил аст. Ба «Ҳо мим» қасам, ки:


Рӯйхати оятҳои Сураи Аҳқоф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Аҳқоф – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Аҳқоф Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)