Тафсири Сураи Ахзоб Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Аҳзоб Ояти 22
وَلَمَّا رَاَ الۡمُؤۡمِنُوۡنَ الۡاَحۡزَابَ ۙ قَالُوۡا هٰذَا مَا وَعَدَنَا اللّٰهُ وَرَسُوۡلُهٗ وَ صَدَقَ اللّٰهُ وَرَسُوۡلُهٗ ۚ وَمَا زَادَهُمۡ اِلَّاۤ اِيۡمَانًـا وَّتَسۡلِيۡمًا ٢٢
Ва ламма раа-л муъминуна-л-аҳзаба Қолу ҳаза ма ваъаданаллоҳу ва расулуҳу ва садақаллоҳу ва расулуҳ. Ва ма задаҳум илла ӣмана-в ва таслӣма. 22.
22. Ва чун мусалмонон лашкарҳоро диданд, гуфтанд: «Ин аст он чӣ моро Худо ва Пайғамбари Ӯ ваъда дода буданд. Ва рост гуфт Худо ва Расули Ӯ». Ва ин моҷаро дар ҳаққи онҳо чизеро наафзуд, магар боварӣ доштан ва гардан ниҳоданро.
Баъди баёни ҳоли мунофиқон, Худованд дар ин оят ҳоли муъминони ростинеро, ки аз рафтори Расулуллоҳ (с) дарс омӯхта буданд ва ҳангоме ки онҳо бо душманҳояшон рӯ ба рӯ шуданд, чӣ гуфтанд ва чӣ кор карданд, чунин баён карда аст. Чун онҳо лашкари Аҳзобро диданд, на ин ки дар дили онҳо тарсу ҳарос афтод, ва на ин ки аз дидани душман ларзиданд, балки шодмон шуда гуфтанд, ки Худо ва Расули Ӯ (с) ҳамеша сухани рост мегӯянд, ин ҳамон лашкарест, ки ба онҳо рӯ ба рӯ шудани моро Худо ва Расули Ӯ ваъда дода буданд. Оре! Онҳо касоне буданд, ки бе ягон шакку тардид, ба ваъдаи Худо ва Расули Ӯ (с) эътимод доштанд. Рӯ ба рӯ шудан бо лашкари Аҳзоб ғайр аз зиёд шудани имони ба Худо ва таслим шудан дар баробари амрҳои Худо чизи дигаре дар онҳо наафзуд. Дар масъалаи он, ки аз тарафи Худо ва Расули Ӯ (с) чӣ чиз ба муъминони ростин ваъда шуда буд, баъзе аз муфассирон, бо овардани маънои ҳадиси Расулуллоҳ (с) чунин гуфтаанд: Бо ривояти Ибни Аббос (р), дар ҳадиси шариф омадааст, ки Қабл аз ҷанги Аҳзоб Расулуллоҳ (с) ба Асҳоби худ гуфта буд: «Дар ин нуҳ ё даҳ шаби охир лашкари кофирон ба сӯйи шумо омаданианд. Чун онҳо биёянд, бар шумо кор сахт хоҳад шуд, аммо кор ба суди шумо ва бар зиёни онҳо анҷом хоҳад ёфт.» Оре! Ҷанги «Аҳзоб» ҷанги таърихист. Чуноне ки дар оятҳои Қаблӣ эзоҳ шуд, адади мусалмонҳо тақрибан ба 3000 нафар мерасид. Аз ҳеҷ ҷой умеди ёрӣ расонидан набуд, зеро дар он асно дар дигар минтақа мусалмон набуд. Аммо рӯйи Замин аз кофиру мушрик пур буд. Ҳар замон ба онҳо расидани ёрӣ аз эҳтимол дур набуд. Илова бар ин, танҳо лашкари мушрикони Қурайш аз чаҳор ҳазор нафар зиёд буд, боз чандин Қабилаҳо бо ҳам ҷамъ шуданд. Аз он ҷумла, Қабилаи Ғатфон, яҳудиёни бани Қурайза ва дигар Қабилаҳо низ алайҳи мусалмонон бо ҳам иттифоқ бастанд. Болои ин, мусалмонҳо ба кори вазнин (кандани ҳандақ) машғул буданд. Замоне буд, ки ҷанг ҷанги тан ба тан буд. Тиру туфангу бомбаю дигар яроқи оташфишони ҳозирзамон дар он вақт набуд. Лашкари кадом тарафе зиёд мебуд, ғалаба аз они ӯ мешуд. Касе аз адади мусалмонҳо ва Аҳзоб маълумот ба даст меовард, бо андозаи ақли худ мусалмонҳоро шикастхӯранда меҳисобид. Локин касоне, ки ба Аллоҳ ва Расули Ӯ (с) имон оварда буданд, чуноне ки дар боло гузашт, чун лашкари Аҳзобро диданд, бовариашон ба Худо ва Расул (с) ва ба ғалаба зиёд шуд. Ин аст нишонаи шахсоне, ки ба Худо имони растин доранд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Аҳзоб «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «