Тафсири Сураи Ахзоб Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Аҳзоб Ояти 21
لَقَدۡ كَانَ لَكُمۡ فِىۡ رَسُوۡلِ اللّٰهِ اُسۡوَةٌ حَسَنَةٌ لِّمَنۡ كَانَ يَرۡجُوا اللّٰهَ وَالۡيَوۡمَ الۡاٰخِرَ وَذَكَرَ اللّٰهَ كَثِيۡرًا ٢١
Лақад кана лакум фӣ расулиллаҳи усватун ҳасанату-л ли ман кана ярҷуллоҳа ва-л-явма-л ахира ва закараллоҳа касӣро. 21.
21. Ҳаройина, барои шумо, барои касоне, ки аз савоби Худо ва аз (савоби) рӯзи охират умед доранд ва зикри Худоро бисёр мекунанд, дар кори Пайғамбари Худо пайравии писандида ҳаст.
Чуноне ки дар мазмуни оятҳои Қаблӣ гузашт, мунофиқон ва шахсони заъифулимон на ин ки худашон, балки бо ҳар роҳ дигаронро аз ғазои Хандақ ва аз ёрӣ расонидан ба Расулуллоҳ (с) ва ба саҳобагони муъмини ростине, ки дар корҳояшон мардонавор устуворӣ нишон медоданд, манъ мекарданд. Ҳоло ояти мазкур ҳушдор додааст, ки шахси мусалмон набояд одату гуфтори чунин шахсони бадтинатро сармашқи рӯзгори худ Қарор диҳад. Балки касоне, ки мехоҳанд дар дунё ва охират некбахт бошанд, бояд ба Пайғамбари бузурги Ислом пайравӣ кунанд. Зеро Худованд дар ин оят гуфтааст, ки барои шумо дар ҳама роҳу равиш, тарзи зиндагонӣ ва амалкарди Расули Мо (с) сармашқи некӣ мавҷуд аст, метавон ба ӯ (с) пайрав шуд. Оре! Барои касоне, ки Худовандро бисёр зикр мекунанд ва аз раҳмати Ӯ ва аз растагории рӯзи Растохез умед доранд, беҳтарин роҳ он аст, ки ба Расулуллоҳ (с) пайрав бошанд. Ба таври мисол: Рафтори Расулуллоҳ (с) дар ғазои Хандақ мисли дигар сардорҳо болои зердастони худ дастҳо паси пушт набуд, балки ҳамроҳи муъминон каланде ба даст гирифту хандақ кофт, хокҳоро ҷамъоварӣ мекард, ба зарф меандохт, берун аз хандақ мебурд. Агар дар рафти кандани хандақ санги калоне пайдо мешуду зӯри саҳобагон намерасид, онро мешикаст ва аз хандақ берун мебурданд. Барои баланд бардоштани рӯҳияи сарбозони худ ба онҳо суханҳои мазоҳомези рост мегуфт ва дар шеърхонии онҳо ҳамоҳанг мешуд ва гоҳо суханҳои шеърмонанд мехонд, онҳоро аз ёди Худо водор месохт ва онҳоро ба ояндаҳои дурахшон мужда мерасонд. Аз макру найранги мунофиқон онҳоро барҳазар мекард. Санъати ҷангро хуб медонисту дар ғафлат набуд, онҳоро ба сарбозони худ меомухт. То ин ки аз тарафи душман байни сафҳои муслимин рахна ворид нашавад, ҳушёриро аз даст намедод. Намоз мехонд, дуъо ва муноҷот мекард, аз Худованд нусрат мехост. Чун саҳобагон ин рафтору одати волои ӯ (с)-ро диданд аз аҳзобиёне, ки чандин баробари онҳо зиёд буданд, заррае наҳаросиданд. Дигар рафторҳои шоистаи Расулуллоҳ (с) дар китобҳои зиндагинома бо тафсил шарҳу эзоҳ дода шудааст, метавон аз онҳо дарёфт кард ва пайрав шуду сармашқи рӯзгори худ Қарор дод.
Рӯйхати оятҳои Сураи Аҳзоб «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «