Сураи Аҳзоб Ояти 39 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ахзоб Ояти 39 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Аҳзоб Ояти 39

اۨلَّذِيۡنَ يُبَـلِّـغُوۡنَ رِسٰلٰتِ اللّٰهِ وَيَخۡشَوۡنَهٗ وَلَا يَخۡشَوۡنَ اَحَدًا اِلَّا اللّٰهَ ؕ وَكَفٰى بِاللّٰهِ حَسِيۡبًا‏ ٣٩

Ал-лазӣна юбаллиғуна рисалатиллаҳи ва яхшавнаҳу ва ла яхшавна аҳадан иллаллоҳ. Ва кафа биллаҳи ҳасӣба. 39.

39. Ононе, ки бо амонат пайғомҳои Худоро мерасонанд ва аз Вай метарсанд ва ҷуз Худо аз ҳеҷ кас бим надоранд ва Худо барои ҳисоб кардани амалҳояшон бас аст.

Дар асл Худованд ҳамаи пайғамбаронро барои он фиристодааст, ки одатҳои бади мардумро манъ кунанд ва он чиро, ки Худованд мехоҳад, бе ягон тарсу ҳарос байни мардум ба кор андозанд ва ба ҳарфҳое, ки фосиқону муфсидон мегӯянд, гӯш надиҳанд. Ба ғавғои онҳо эътибор надиҳанд. Худованд дар ин оят ба барномаи умумии Пайғамбарон ишора карда, ба Пайғамбари мо (с) низ хабар додааст, ки Пайғамбарони пешин (а) касоне буданд, ки вазифаи худро пурра ба ҷо оварданд. Амру фармонҳои Худоро бе ҳеҷ тағирот, бо кӯшиши том ба мардум мерасониданд. Танҳо аз Худо метарсиданд, ба ғайр аз Худо аз ҳеҷ кас ваҳм надоштанд. Ҳоло зимнан ояти мазкур ба Пайғамбар (с) ҳам хабар ва ҳам дастур додааст, ки ту низ дар таблиғи он чи ки Худованд ба ту супориш додааст, набояд аз касе ҳатто камтарин тарс дошта бошӣ. Шикастани одатҳои ҷоҳилият, ки яке аз онҳо амр ба издивоҷ бо зани талоқшудаи Зайд (р) аст, албатта, он иродаи Худованд аст. Мардум чӣ мегӯянд ё намегӯянд, он бояд иҷро шавад. Зеро Худованд ҳамаи амалҳои бандагони Худро ба ҳисоб мегирад ва барои онҳо ҷазо, ё мукофот омода кардааст. Ояти зер бори дигар ба ин масъала рӯшноӣ меандозад:


Рӯйхати оятҳои Сураи Аҳзоб «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Аҳзоб Ояти 38 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Аҳзоб Ояти 40 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)