Сураи Аҳзоб Ояти 40 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ахзоб Ояти 40 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Аҳзоб Ояти 40

مَا كَانَ مُحَمَّدٌ اَبَآ اَحَدٍ مِّنۡ رِّجَالِكُمۡ وَلٰـكِنۡ رَّسُوۡلَ اللّٰهِ وَخَاتَمَ النَّبِيّٖنَ ؕ وَكَانَ اللّٰهُ بِكُلِّ شَىۡءٍ عَلِيۡمًا ٤٠

Ма кана Муҳаммадун аба аҳади-м ми-р-риҷаликум ва лаки-р-расулаллоҳи ва хатама-н-набиййӣн. Ва каналлоҳу би кулли шай-ин Ъалӣма. 40.

40. Муҳаммад падари ҳеҷ кас аз мардони шумо нест, валекин пайғамбари Худост ва хотами пайғамбарон аст. Ва Худо бар ҳар чиз доност.

Дар охирин ояте, ки доир ба масалаи издивоҷи Пайғамбар (с) бо Зайнаб (р) аст, Худованд ба бӯҳтони мардум ҷавоби кӯтоҳу фишурдае дода, гуфтааст, ки эй мардум, шумо туҳмат накунед ва нагӯед, ки Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи ва саллам) бо Зайнаб (р), зани писархонди худ издивоҷ кард. Муҳаммад (с) на падари Зайд (р)-асту на падари ҳеҷ марде аз шумо, балки падари фарзандони худ аст. Падари Зайд, Ҳориса ибни Шарҳабил аст. Кори анҷомдодаи Расулуллоҳ (с), (то ин ки одатҳои ҷоҳилият ботил шаванд) бо амри Худост. Ӯ (с) пайғамбар ва илова бо ин охирини пайғамбарҳост. Баъди ӯ (с) аз тарафи Аллоҳ барои мардум дигар пайғамбаре намеояд. Ин муъҷизаи бузург Қуръони карим барои инсонҳо то охир кифоякунанда аст. Дар ҷумлаи охир омадааст, ки Худованд ба ҳама чиз доност. Оре! Дар чунин масъалаҳо мувофиқи дониши Худ тасарруф мекунад.

Расулуллоҳ (с) аз ҳамсарашон Хадича (р) ҳафт фарзанд диданд. Се писар бо номҳои Қосим, Таййиб, Тоҳир ва чаҳор духтар, ки Зайнаб (р), Руқийя (р), Умми Кулсум (р) ва Фотима (р) ном доштанд. Се писарашон дар синни хурдсолӣ вафот карданд. Се нафар аз духтарҳояшон дар синни калонсолӣ, ҳангоми дар ҳаёт будани Расулуллоҳ (с) вафот ёфтанд. Баъди шаш моҳ аз гузаштани Расулуллоҳ (с), Фотима (р) низ дунёро падруд гуфтанд. Ҳамчунин Расулуллоҳ (а) аз Морияи Қибтия писардор шуданд, ки Иброҳим ном дошт. Иброҳим низ дар синни хурдсолӣ вафот кард.

Хулоса, баъди Пайғамбари маҳбубамон, Муҳаммад (с), пайғамбари дигаре намеояд. Касе худ ё каси дигарро пайғамбар ҳисобад, ӯ дуруғгӯ аст ва мусалмон нест. Имом Бухорӣ ва Имом Муслим (р) аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) ривоят кардаанд, ки Расулуллоҳ (с) чунин гуфтанд: «Масал (кор)-и ман ва масал (кор)-и пайғамбарони пешин монанди амали мардест, ки ӯ саройеро бунёд ва ба камол расонидааст, магар ҷойи як хиштро холӣ гузоштааст. Пас касе ба он сарой ворид мешавад ба сӯйи он менигараду, мегӯяд: «Ин сарои накӯст, ба ҷуз ҷойи ин хишт, ки ҳусни ин саройро костааст». Ҳоло бидонед, ки мавзеъи он хишт манам, бо ҳамин рисолат ва нубуват бо мо хатм шудааст».

Дар ояти зер бо таври умум Худованд, бандаҳои худро хитоб намуда гуфтааст:


Рӯйхати оятҳои Сураи Аҳзоб «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Аҳзоб Ояти 39 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Аҳзоб Ояти 41 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)