Сураи Аҳзоб Ояти 46 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ахзоб Ояти 46 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Аҳзоб Ояти 46

وَّدَاعِيًا اِلَى اللّٰهِ بِاِذۡنِهٖ وَسِرَاجًا مُّنِيۡرًا ٤٦

Ва даъиян илаллоҳи би изниҳӣ ва сироҷа-м мунӣро. 46.

46. Ва ба ҳукми Худо хонандаи мардум ба суйи ӯ ва (ҳамчунин туро) чароғи равшан (фиристодем).

Дар ин ду оят агарчи сухан ба сӯи Расулуллоҳ (с) бошад ҳам, локин натиҷаи онҳо барои муъминон равона шудааст. Дар ин ду оят панҷ сифати Расулуллоҳ (с)-ро Худованд баён карда, ба ӯ (с) хитоб намуда аст, ки эй Пайғамбар, Мо туро бо унвони шоҳид ва гувоҳ фиристодем. Яъне Пайғамбари мо ҳам барои умматони худ ва ҳам барои умматони пешин гувоҳӣ медиҳад, ки ҳама пайғамбарон аҳкоми илоҳиро бе каму кос барои уммати худ расониданд.

Сифати дувум ва севуми Расулуллоҳ (с)-ро Худованд, чунин баён кардааст, ки эй Пайғамбар, Мо туро барои муъминони аброр, ки дар ҳама кор аз ту итоъат мекунанд, башоратдиҳанда ба Ҷаннат ва барои шахсоне, ки кофиру фоҷиранд, тарсдиҳанда ба Ҷаҳаннам фиристодем. Худованд чаҳорумин ва панҷумин сифати Расулуллоҳ (с)-ро баён карда гуфтааст, ки эй Пайғамбар, Мо туро даъваткунанда фиристодем, то бандагони моро ба сӯи тавҳиду имон, ба сӯи ақидаи саҳеҳ ва амал ба он чӣ, ки барои онҳо шариъат гардонидем, раҳнамоӣ кунӣ! Зеро ту чун чароғи тобонӣ ва аз равшании вуҷуди ту мардум метавонанд роҳи ҳидоятро ёбанду аз дилҳои худ гумроҳиро бизудоянд.

Барои маълумоти бештар ба оят 119-уми сураи «Бақара» муроҷиъат шавад. Хитоби Аллоҳтаъоло ба Пайғамбари худ дар ояти зер идома дорад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Аҳзоб «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Аҳзоб Ояти 45 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Аҳзоб Ояти 47 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)