Сураи Аҳзоб Ояти 47 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ахзоб Ояти 47 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Аҳзоб Ояти 47

وَبَشِّرِ الۡمُؤۡمِنِيۡنَ بِاَنَّ لَهُمۡ مِّنَ اللّٰهِ فَضۡلًا كَبِيۡرًا ٤٧

Ва башшири-л-муъминӣна би анна лаҳум-м миналлоҳи фаЗлан кабӣро. 47.

47. Ва мусалмононро ба он башорат деҳ, ки аз ҷониби Худо онҳоро бахшоиши бузурге бошад!

Ибни Ҷарири Табарӣ дар баёни сабаби нузули ояти мазкур нақл мекунад, ки чун ояти 2-юми сураи «Фатҳ» «Лияғфира лакаллоҳи ма тақаддума мин занбика ва ма та-аххар». (То ин ки биёмурзад туро Худо он чи собиқ гузашт, аз гуноҳи ту ва он чи оянда ва …) дар шаъни Расулуллоҳ (с) нозил шуд, марде аз муъминон гуфт: Гуворо бодатон, эй Расулаллоҳ (с)! Инак, мо донистем, ки Худованди субҳон бо шумо чӣ мекунад, аммо намедонем, ки Худованд бо мо чӣ хоҳад кард?» Ҳамон замон Худованд дар сураи «Фатҳ», ояти 5-ум-ро «Лиюдхилал муъминина вал муъминати Ҷаннатин» (То ин ки дарорад мардони мусалмонро ва занони мусулмонро ба бустонҳо) нозил кард ва ҳамчунин дар ин сура ояти мазкурро нозил карда фармуд, ки эй Пағамбари Мо! Ба шахсони муъмин хушхабар деҳ, ки дар баробари амалҳои некашон аз ҷониби Парвардигор ва бо фазлу раҳмати Ӯ барои онҳо дар Биҳишт фазли бузурге хоҳад буд. Оё барои шахси муъмин аз ин дида хушхабаре беҳтар шуданаш мумкин аст? Ҳаргиз! Барои тавҳези калимаи «фазли бузург» ба ояти 160-уми сураи «Анъом» ва ба ояти 261-уми сураи «Бақара» ва ба ояти 17-уми “Алиф, лом, мим, саҷда” муроҷиъат шавад. Хитоби Худованд барои Расул (с) дар ояти зер идома дорад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Аҳзоб «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Аҳзоб Ояти 46 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Аҳзоб Ояти 48 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)