Марсия дар сугвораи Ҳоҷӣ Муҳсинҷон

0

Марсия дар сугвории Ҳоҷӣ Муҳсинҷон. Марсия дар сугвораи Хочи Мухсинчон.


Ту медони дар ин меҳан чиҳо рафт,
Ҷавонмарди накӯву хушсимо рафт.
Замин нолид, ки ӯ аз рӯи мо рафт,
Нидо омад, ки ӯ сӯи само рафт.

Набуд ӯро зи мансаб ҳеҷ кулоҳе,
На роҳат дошт ӯ дар қасру кохе,
Бимонд фарзандҳош дар нимароҳе,
Вале марди худо сӯи худо рафт.

Зи хислатҳои бад ҳаққо барӣ буд,
Ҳама гуфтанд, ки ӯ марди сахӣ буд.
Чу Нури чашми он Шамсу Муҳӣ буд,
Бигӯед сад дареғ кони сахо рафт.

Чу ёбад ризқу рӯзӣ дошт тиҷорат,
Надошт ҳаргиз пои бетаҳорат.
Лабон пурхандаву дур аз ҳақорат,
Ҳамон арзонкуни нарху наво рафт.

Зиҳӣ модар-ш, ки ҳаст аҳли Бухоро,
Падар-ш таълими дин дод деҳи моро.
Баромад оби чашми санги хоро,
Дареғ Ҳоҷӣ ба он дорулбақо рафт.

Ба мо дӯсти азизу меҳрубон буд,
Бародар буду ӯ беҳтар зи ҷон буд.
Бигӯем мо зи ӯ, ӯ ҳам зи мо буд,
Аз ин фарсудатан бингар, ки ҷон рафт.

Чу деҳро буд ӯ устои барқаш,
Нахоҳад рафт ӯ аз ёди халқаш.
Ба раҳмат мекунад Эзид ғаркаш,
Дурахшид ҳамчу барқ, аз байни мо рафт.

Дар он моҳи сиём ёфт ӯ шаҳодат,
Сахӣ буд, ҷаннатӣ, з-аҳли саъодат.
Дуои неки мо аз рӯи одат,
Нишонрас кун Худо, тири дуо рафт.

Иззатуллоҳи Соҳибназар

Мақолаи қаблӣҚиссаи ҳазрати Нӯҳ (а) – паёмбар хазрати Нух (а)
Мақолаи баъдӣКоҳилнамозон – шахсоне, ки гоҳе намоз мехонанд гоҳе на