Тафсири Сураи Ахзоб Ояти 48 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Аҳзоб Ояти 48
وَلَا تُطِعِ الۡكٰفِرِيۡنَ وَالۡمُنٰفِقِيۡنَ وَدَعۡ اَذٰٮهُمۡ وَتَوَكَّلۡ عَلَى اللّٰهِ ؕ وَكَفٰى بِاللّٰهِ وَكِيۡلًا ٤٨
Ва ла тутиъи-л кафирӣна ва-л-мунафиқӣна вадаъ азаҳум ва таваккал ъалаллоҳ. Ва кафа биллаҳи вакӣла. 48.
48. Ва кофирон ва мунофиқонро фармон мабар ва (ҳоло) озору ранҷонидани онҳоро вогузор ва бар Худо таваккул кун ва Худо, ки корсоз (аст), басанда аст!
Худованд дар ин оят ба Ҳабиби Худ (с) фармудааст, ки кофирон ва мунофиқон мехоҳанд туро мутеъи худ гардонанд, аз ин сабаб Ту (с) ба амру фармони кофирон ва мунофиқон итоат макун, балки дар ҳама ҳолат ба амру фармони Аллоҳ таъоло гардан бинеҳ. Чун ба онҳо итоат накардӣ, онҳо бо ҳар роҳ ба ту изо ва алам мерасонанд. Дар ин ки Ту (с)-ро озорҳо медиҳанд, ғамгин машав, ҳамаи онҳо чизҳои гузарандаанд, онҳоро ба Худо супор, дар ҳама корҳо ба Худо таваккал кун. Ҳамин барои Ту (с) кифоя аст, ки Худованд барои Ту (с) ҳомию дифоъкунанда ва корсоз аст.
Дар ояти зер масъалаи талоқи зан пеш аз ҳамхоба шудан баён мешавад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Аҳзоб «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «