Тафсири Сураи Ахзоб Ояти 49 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Аҳзоб Ояти 49
يٰۤـاَيُّهَا الَّذِيۡنَ اٰمَنُوۡۤا اِذَا نَكَحۡتُمُ الۡمُؤۡمِنٰتِ ثُمَّ طَلَّقۡتُمُوۡهُنَّ مِنۡ قَبۡلِ اَنۡ تَمَسُّوۡهُنَّ فَمَا لَـكُمۡ عَلَيۡهِنَّ مِنۡ عِدَّةٍ تَعۡتَدُّوۡنَهَا ۚ فَمَتِّعُوۡهُنَّ وَسَرِّحُوۡهُنَّ سَرَاحًا جَمِيۡلًا ٤٩
Йа айюҳа-л лазӣна аману иза накаҳтуму-л-муъминати сумма таллақтумуҳунна мин Қабли ан тамассуҳунна фа ма лакум ъалайҳинна мин ъиддатин таътаддунаҳа. Фа маттиъуҳунна ва сарриҳуҳунна сароҳан ҷамӣла. 49.
49. Эй мусалмонон, чун занони муъминаро никоҳ кардед, пеш аз он ки ба онҳо даст бирасонед, онҳоро талоқ додед, пас, шуморо бар ин занҳо ҳеҷ иддае нест, ки онро бишморед. Пас, ин талоқшудаҳоро мутъа (як сару либос) диҳед ва онҳоро бо некӯӣ раҳо кунед.
Дар ояти мазкур сухан аз он меравад, ки марде шаръан ба зане ақди никоҳ мебандаду пеш аз он, ки ҳамхобагӣ кунад, бо талоқ аз ӯ ҷудо мешавад. Агарчи ингуна ҳолатҳо дар ҳаёт кам аст, локин шуданаш мумкин. Агар баъди никоҳ бо ҳам ҳамхобагӣ карда бошанд, ҳукмаш дигар ва накарда бошанд, ҳукмаш дигар аст. Худованд дар ин оят фармудааст, ки эй касоне, ки имон овардаед! Чун занони муъминаро ба ақди никоҳи худ даровардед, пеш аз он, ки бо онҳо ҳамхобагӣ кунед, бо кадом сабабе онҳоро талоқ додед, шуморо лозим нест, ки барои чунин занҳо иддашуморӣ кунед. Зеро батни чунин зан аз шумо чизе набардоштааст, ӯ бе ягон Қайду шарт метавонад ба шавҳари дигар барояд. Агар дар чунин сурат маҳри зан номбар шуда бошад, нисфи маҳр, агар номбар нашуда бошад, мутъа (як сару по), агар маҳр номбар шуда бошаду баъди ҳамхобагӣ талоқ дода бошад, адои кулли маҳр бар зиммаи мард воҷиб аст. Ногуфта намонад, ки зане, ки нисфи маҳрро соҳиб мешавад, болои он мутъа додан суннат ва дар сурате, ки зан кулли маҳрро соҳиб мешавад, илова кардани мутъа кори мустаҳаб аст.
Хулоса, агарчи талоқ кардани зан кори марғуб нест, локин дар чунин сурат бояд марду зан бо ҳам душманӣ накунанд ё дар пайи рехтани обрӯйи якдигар набошанд. Мард бо роҳи хубу писандида ҳуқуқи ӯро поймол накарда, зани талоқшударо гусел кунад. Зеро дини Ислом ба дурустӣ ва лоиқу шоистагии ҳар кор эътибори калон медиҳанд. Валлоҳу аълам.
Ояти зер масъалаҳои ҳаёти оилавии Расулуллоҳ (с)-ро баён мекунанд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Аҳзоб «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «