Тафсири Сураи Ахзоб Ояти 51 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Аҳзоб Ояти 51
۞ تُرۡجِىۡ مَنۡ تَشَآءُ مِنۡهُنَّ وَتُـــْٔوِىۡۤ اِلَيۡكَ مَنۡ تَشَآءُ ؕ وَمَنِ ابۡتَغَيۡتَ مِمَّنۡ عَزَلۡتَ فَلَا جُنَاحَ عَلَيۡكَ ؕ ذٰلِكَ اَدۡنٰٓى اَنۡ تَقَرَّ اَعۡيُنُهُنَّ وَلَا يَحۡزَنَّ وَيَرۡضَيۡنَ بِمَاۤ اٰتَيۡتَهُنَّ كُلُّهُنَّ ؕ وَاللّٰهُ يَعۡلَمُ مَا فِىۡ قُلُوۡبِكُمۡ ؕ وَكَانَ اللّٰهُ عَلِيۡمًا حَلِيۡمًا ٥١
۞ Турҷӣ ман ташау минҳунна ва туъви илайка ман ташаъ. Ва ман-ибтағайта мим-м ман ъазалта фа ла ҷунаҳа ъалайк. залика адна ан тақарра аъюнуҳунна ва ла яҳзанна ва ярЗайна би ма атайтаҳунна куллуҳунн. Валлоҳу яъламу ма фӣ Қулубикум. Ва каналлоҳу Ъалӣман ҳалӣма. 51.
51. Аз онҳо ҳар киро хоҳӣ, (навбаташро) мавқуф дорӣ ва ҳар киро хоҳӣ, назди хеш ҷой диҳӣ ва агар занеро хоҳиш кунӣ аз он ҷумлае ки онҳоро яксӯ кардаӣ, пас, бар ту ҳеҷ гуноҳе нест, ин рухсат додани Мо Қарибтар аст ба он, ки чашмҳои онҳо равшан (хурсанд) шавад ва андӯҳ нахӯранд ва ба он чӣ онҳоро (назди худ, ҷой) бидиҳӣ, ё надиҳи ҳамаи онҳо хушнуд шаванд ва Худо он чӣ дар дилҳои шумост, медонад ва Худо донову бурдбор аст.
Дар шарҳи оятҳои 28-ум ва 29-уми ҳамин сура гузашт, ки завҷаҳои пок аз баҳри зебу зинату маъишати дунё гузашта, ризогии Аллоҳ ва ризогии Расулуллоҳ (с)-ро ихтиёр карданд. Айни ҳол Расулуллоҳ (с) дар муъошират бо завҷаҳои худ ва дар тақсими вақт (навбат) бо онҳо бо адолат амал мекард. Агарчи Расулуллоҳ (с) чун амри воҷиб дар муъошират бо онҳо навбатро Қатъӣ риоя мекарду дар муносибат ва муъомила бо онҳо яксон амал мекард, бо вуҷуди ин байни баъзе завҷаҳо рашку рақобат пайдо мешуд ва табъи Расулуллоҳ (с) хира мешуд.
Бе ин ҳам масъулияти Расулуллоҳ (с) зиёд буд. Зеро кори даъват диққату машаққати фаровонро талаб мекард.
Дар ояти мазкур Худованд ҳалли мушкилоти навбатро баён намуда мефармояд, ки эй Расули Мо (с), аз ин баъд ихтиёр дорӣ, навбати кадоме аз занҳоятро бихоҳӣ, ба таъхир гузорӣ ва кадомеро хоҳӣ, назди худ бихонӣ. Ҳар вақт хостӣ, метавонӣ завҷаеатро, ки навбаташро канор гузошта будӣ, назди худ даъват кунӣ, то ӯ бисёр ғамгин нашавад.
Дар ин амал барои Ту (с) гуноҳ (ҳараҷ)-е нест. Вауто завҷаҳоят мефаҳманд, ки ихтиёр дар навбат амри Худост, аз рафтори Ту (с) розӣ мешаванд ва ғамгин намегарданд. Ин амр сабаби осудагии онҳо мешавад.. Дили онҳо ором мегираду шод мешаванд.
Албатта, ингуна муъошарате, ки хос ба ту иҷоза додаем, барои хушнуд шудани онҳо аз дигар чиз дида ин беҳтар аст. Он рашку рақобате, ки дар ин боб байни ҳамдигар доранд, тезтар меравад. Дар давоми ояти мазкур омадааст, ки «Он чи дар дилҳои шумост, Худо медонад». Оре! Он чиро, ки инсонҳо дар ниҳоди хеш пинҳон медоранд, аз он ҷумла бисёртар дӯстдоштани баъзе аз занҳоро Худованд медонад. Локин, дар ҳама кор (ният ва амал) бояд ризоӣ Ӯро мадди назар дошт. Дар айни ҳол, Худованд ҳалим аст, дар ҷазо додани шумо шитоб намекунад. Дар ҳадиси, ривояткардаи Ойша (р) омадааст: «Бо вуҷуди он ки Расулуллоҳ (с) дар миёни занони худ дар тақсими вақту навбат адолатро пеша мегирифт, вале дар муноҷоти худ чунин мегуфт: Бор Худоё! Дар он чи, ки молики он ҳастам, ин кори ман аст, пас дар он чи, ки Ту молики он ҳастӣ ва ман молики он нестам, сарзанишам макун!»
Хулоса, дили инсон дар ихтиёри Парвардигор аст. Агар инсон баъзе занҳои худро нисбатан зиёдтар дӯст дорад, муохаза нахоҳад шуд. Валлоҳу аълам.
Рӯйхати оятҳои Сураи Аҳзоб «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «