Сураи Аҳзоб Ояти 52 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ахзоб Ояти 52 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Аҳзоб Ояти 52

لَا يَحِلُّ لَـكَ النِّسَآءُ مِنۡۢ بَعۡدُ وَلَاۤ اَنۡ تَبَدَّلَ بِهِنَّ مِنۡ اَزۡوَاجٍ وَّلَوۡ اَعۡجَبَكَ حُسۡنُهُنَّ اِلَّا مَا مَلَـكَتۡ يَمِيۡنُكَ‌ؕ وَكَانَ اللّٰهُ عَلٰى كُلِّ شَىۡءٍ رَّقِيۡبًا ٥٢

Ла яҳиллу лака-н нисау мин баъду ва ла ан табаддала биҳинна мин азваҷи-в ва лав аъҷабака ҳуснуҳунна илла ма малакат ямӣнук. Ва каналлоҳу ъала кулли шай-и-р рақӣба. 52.

52. Баъд аз ин занон ҳеҷ зане туро ҳалол нест ва (ҳалол нест) он, ки ба ҷои онҳо занони дигарро бадал кунӣ, агарчи ҳусни онҳо туро ба шигифт орад, магар он чӣ дасти ту молик шуд ва Худо бар ҳама чиз нигаҳбон аст.

Ҳукми дигаре, ки ба ҳамсарони Пайғамбар (с) марбут аст, дар ин оят баён шудааст. Дар он Худованд ба Расули худ (с) гуфтааст, ки вақто ки ҳамсарони худро байни худ ва фароғати дунё мухайяр гузоштӣ, онҳо дар ивази маъишати дунё туро ихтиёр карданд, ҳоло барои хотири иззату икроми онҳо дигар барои ту ҳалол нест, ки аз ин баъд болои онҳо бо зани дигаре издивоҷ кунӣ ё яке аз онҳоро талоқ диҳӣ ва дар ивази вай зани дигареро, агарчи ҳусну ҷамоли ӯ туро ба шигифт орад, ба никоҳи худ дарорӣ. Магар канизаке, ки бо роҳи ғанимат ё бо роҳи ҳадя молику соҳиби он шавӣ. Баъди нузули ин оят, Расулуллоҳ (с) Морияи Қибтияро, ки аз тарафи подшоҳи Миср (Муқавқис) ҳадя шуда буд, молик шуданд, бо ӯ издивоҷ карданд ва аз ӯ фарзанди, писаре ёфтанд, ки Иброҳим ном дошт. Вай дар вақти ҳаёти Расулуллоҳ (с), дар синни ширхорагӣ, аз олам даргузашт. Дар охири ояти мазкур, Худованд гуфтааст, ки ҳар амалеро, ки шумо анҷом медиҳед, Худованд шоҳид аст, мебинад ва ҳар сирре, ки дар замири Қалбатон пӯшида медореду аз ҳудудҳои муайяншуда таҷовуз мекунед, назди Ӯ таъоло махфӣ намемонад. Худованд мувофиқ ба он ҷазои муносиб ё мукофоти мувофиқ пешбинӣ кардааст. Муфасирон гуфтаанд, ки завҷаҳои поки Расулуллоҳ (с), ки ба ҳукми ояти мазкур вориданд, нуҳ нафаранд: Ойша, Ҳафса, Умми Ҳабиба, Савда. Сафия, Маймуна, Зайнаб, Рамла, Ҷувайра (р). Ҳамаи онҳо занҳои озод буданд. Онҳо шахсоне буданд, ки аз зебу зинат ва аз маишати дунё даст кашиданд, дар ҷустуҷӯи ризогии Аллоҳ ва Расули Ӯ (с) шуданд. Баъди Расулуллоҳ (с) ҳамаи онҳо дар Қайди ҳаёт буданд. Худованд онҳоро модари муъминон номид ва баъди вафоти Расулуллоҳ (с) издивоҷро бар онҳо ҳаром гардонид. Зеро онҳо дар охират низ ҳамсарони Расулуллоҳ (с)-анд.

Муфассирон ҷумлаи «ҳарчанд зебоии онҳо туро ба шигифт орад»-ро далеле бар он кардаанд, ки барои хостгорӣ ба сӯи духтаре ё зане пеш аз он, ки онҳоро ба никоҳ дароварда шавад, нигоҳ кардан ҷоиз аст. Муғира ибни Шӯъба (р) мегӯяд: «Аз зане хостгорӣ кардам. Расулуллоҳ (с) ба ман фармуд: «Оё ба сӯйи ӯ нигаристӣ?». Гӯфтам: «На!». Фармуданд: «Ба ӯ нигоҳ кун, зеро ин амр наздиктар ба он аст, ки дар миёни шумо улфату муҳаббат барқарор созад». Валлоҳу аълам.


Рӯйхати оятҳои Сураи Аҳзоб «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Аҳзоб Ояти 51 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Аҳзоб Ояти 53 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)