Сураи Аҳзоб Ояти 54 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ахзоб Ояти 54 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Аҳзоб Ояти 54

اِنۡ تُبۡدُوۡا شَيۡـًٔـا اَوۡ تُخۡفُوۡهُ فَاِنَّ اللّٰهَ كَانَ بِكُلِّ شَىۡءٍ عَلِيۡمًا ٥٤

Ин тубду шай-ан ав тухфуҳу фа инналлоҳа кана би кулли шай-ин Ъалӣма. 54.

54. Агар чизеро ошкор кунед ё онро пинҳон доред, пас, ҳаройина, Худо бар ҳар чиз доно аст.

Сабаби нузули ояти мазкурро баъзе аз муфосира чунин гуфтаанд: «Баъзе аз мунофиқон гуфтанд: «Агар Муҳаммад вафот кунад, фалон занашро ба никоҳи худ медарорам». Албатта, шунидани ингуна суханҳо навъе аз озор аст. Ҳамоно ояти мазкур нозил шуд, дар он Худованд фармуд, ки агар шумо чизеро барои озор додани Расули Мо (с) ошкор кунед ё онро пинҳон доред, Қатъан Худованд ба ҳар чиз доност ва шуморо дар баробари он муҷозот хоҳад кард.

Дар ояти Қаблӣ аз ривояти Анас ибни Молик (р) фаҳмида шуд, ки аз ин баъд барои муъминон бо ҳамсарони Расулуллоҳ (с) бе парда сухан гуфтан мумкин нест. Дар ояти баъдӣ гурӯҳи мардоне номбар шудаанд, ки занҳо метавонанд бо онҳо бе парда сухан гӯянд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Аҳзоб «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Аҳзоб Ояти 53 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Аҳзоб Ояти 55 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)