Сураи Аҳзоб Ояти 53 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ахзоб Ояти 53 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Аҳзоб Ояти 53

يٰۤاَيُّهَا الَّذِيۡنَ اٰمَنُوۡا لَا تَدۡخُلُوۡا بُيُوۡتَ النَّبِىِّ اِلَّاۤ اَنۡ يُّؤۡذَنَ لَـكُمۡ اِلٰى طَعَامٍ غَيۡرَ نٰظِرِيۡنَ اِنٰٮهُ وَلٰـكِنۡ اِذَا دُعِيۡتُمۡ فَادۡخُلُوۡا فَاِذَا طَعِمۡتُمۡ فَانْتَشِرُوۡا وَلَا مُسۡتَاۡنِسِيۡنَ لِحَـدِيۡثٍ ؕ اِنَّ ذٰلِكُمۡ كَانَ يُؤۡذِى النَّبِىَّ فَيَسۡتَحۡىٖ مِنۡكُمۡ وَاللّٰهُ لَا يَسۡتَحۡىٖ مِنَ الۡحَـقِّ ؕ وَاِذَا سَاَلۡتُمُوۡهُنَّ مَتَاعًا فَسۡـَٔـــلُوۡهُنَّ مِنۡ وَّرَآءِ حِجَابٍ ؕ ذٰلِكُمۡ اَطۡهَرُ لِقُلُوۡبِكُمۡ وَقُلُوۡبِهِنَّ ؕ وَمَا كَانَ لَـكُمۡ اَنۡ تُؤۡذُوۡا رَسُوۡلَ اللّٰهِ وَلَاۤ اَنۡ تَـنۡكِحُوۡۤا اَزۡوَاجَهٗ مِنۡۢ بَعۡدِهٖۤ اَبَدًا ؕ اِنَّ ذٰلِكُمۡ كَانَ عِنۡدَ اللّٰهِ عَظِيۡمًا ٥٣

Йа айюҳа-л-лазӣна аману ла тадхулу буйута-н-набиййи илла ай юъзана лакум ила таъамин ғайра назирӣна инаҳу ва лакин иза дуъӣтум фадхулу фа иза таъимтум фанташиру ва ла мустаънисӣна ли ҳадӣс. Инна заликум кана юъзи-н набийя фа ястаҳйӣ минкум. Валлоҳу ла ястаҳйӣ мина-л-ҳаққ. Ва иза са-алтумуҳунна матаъан фас-алуҳунна ми-в вараи ҳиҷаб. заликум атҳару ли Қулубикум ва Қулубиҳинн. Ва ма кана лакум ан туъзу расулаллоҳи ва ла ан танкиҳу азваҷаҳу мин баъдиҳи абада. Инна заликум кана ъиндаллоҳи ъазӣма. 53.

53. Эй касоне, ки имон овардаед, ба хонаҳои Пайғамбар дохил нашавед, магар вақте ки барои хӯрдани таъоме шуморо дастуре дода шавад, (бар вақт наоед, то) интизори пухта шудани таъом бошед, валекин чун шуморо хонда шавад, дароед! Пас, чун таъомро хӯрдед, пароканда шавед, на барои шунидани сухане оромгиранда бишинед, ҳаройина, ин кор Пайғамбарро меранҷонад, пас, аз шумо шарм медорад ва Худо аз гуфтани сухани рост шарм намедорад. Ва чун аз занони Пайғамбар чизеро талаб кунед, пас, онро аз онҳо аз паси парда талаб кунед! Ин хислат барои дилҳои шумо ва дилҳои онҳо поктар аст. Ва шуморо сазовор нест, ки Пайғамбари Худоро биранҷонед. Ва ҳеҷ гоҳ сазовор нест, ки занони ӯро пас аз вай никоҳ кунед. Ҳаройина, ин кор назди Худо гуноҳи бузург аст.

Ояти мазкурро ояти ҳиҷоб ҳам, меноманд. Баъзе аз муфассирон оид ба сабаби нозилшавии ин оят чунин гуфтаанд: «Ҳангоме ки Расулуллоҳ (с) бо Зайнаб духтари Ҷаҳш (р) издивоҷ кард, таъоме омода кард. Имом Бухорӣ ва Имом Муслим (р) аз Анас (р), ки ходими махсуси Пайғамбар (с) буд, дар бораи он таъом чунин ривоят кардаанд: «Анас (р) мегӯяд, ки модарам (ё ин, ки Умми Сулайм) навъе аз таъом (хис)-ро пухта, дар зарфе андохт ва ба ман гуфт: «Эй Анас! Ин таъомро бо Расулуллоҳ (с) бар ва ба ӯ гӯй, ки инро модарам ба ту фиристод ва ба шумо салом гуфт ва гуфт, ки ин андак чизест аз мо барои шумо!». Анас мегӯяд: «Чуноне ки модарам гуфт, ҳамчунон амрашро иҷро кардам». Расулуллоҳ (с) ба ман гуфтанд: «Ӯро ин ҷо канор гузору рав фалончӣ ва фалончӣ ва дар роҳ касеро, ки дидӣ, ҳамаро даъват кун, то ба ин таъом ҳозир шаванд». Анас (р) мегӯяд: «Чуноне ки Расулуллоҳ (с) гуфтанд, иҷро кардам. (Вауто ки дар ин бора аз Анас (р) пурсиданд, ки чанд нафар ба ин таъом ҳозир шуд? Ӯ дар ҷавоб гуфт: «300 нафар»).

Хулоса, вақто ки даъватшудаҳо омаданд, болои суффа ва ҳуҷра аз одам пур шуд. Русулуллоҳ (с) ба ман гуфтанд: «Эй Анас! Зарфи таъомро пеши ман биёр!». Сипас, Расулуллоҳ (с) ба онҳо гуфт: «Даҳ нафар-даҳ нафар шинед ва ҳар кас аз назди худ таъом хӯрад». Чун гурӯҳе мехӯрду сер мешуд, мерафт. Гурӯҳи дигаре дохил мешуд. Бо ҳамин тартиб ҳама сер шуданд. Сипас, Расулуллоҳ (с) ба ман гӯфт: «Эй Анас, зарфи таъомро бардор!». Чун зарфи таъомро бардоштам, дар тааҷҷуб мондам, ки таъоми овардаам аз пештарааш андаке зиёд аст ё андаке кам аст. Воқеъан, баъзе аз он даъватшудагон тахминан, се нафар ба сухан андармон шуда дар он ҷо бо ҳам хело сӯҳбат карданд. Расулуллоҳ (с) низ ҳамроҳи онҳо нишаста буд. Чун диданд, ки сӯҳбати онҳо идома дорад, аз ҷояшон бархостанд, ман ҳам аз ҷойи худ бархостам, то шояд онҳо чизеро фаҳманду, тӯй тамом шуд гуфта, чун дигарон аз паи кори худ шаванд. Расулуллоҳ (с) ба ҳуҷраи Ойша (р), модарамон даромаданду бори дигар баргаштанд, ман ҳам дар хизматашон Қоим будам. Дидем, ки ҳоло ҳам онҳо нишастаанд. Дар охир баромада рафтанд. Ҳамоно ояти мазкур нозил шуд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Аҳзоб «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Дар он Худованд чигунагии ҳусни одобу муносибатро бо Расулуллоҳ (с) ва бо хонадонаш ҳамчу таълим бо таври умум, барои ҳамагон баён намуд, ки эй касоне, ки имон овардаед, аз ин баъд бо ҳар баҳона ба хонае аз хонаҳои Расулуллоҳ (с) дохил нашавед! Дар сурате метавонед дохил шавед, ки шуморо барои тановули таъом даъват ва иҷоза диҳанд. Агар ба хӯрдани таъом даъват шудед, шумо вақте ҳозир шавед, ки таъом пухтаву тайёр шуда бошад. На ин ки ба хонаи Расулуллоҳ (с) дароеду интизор шавед, ки кай таъом пухта мешавад. Хулоса, ҳангоме ки аз сӯйи Расулуллоҳ (с) даъват шудед, дохил шавед. Ҳамин, ки таъом хӯрда шуд, хезеду дар пайи кор худ пароканда шавед! Шумо чун шахсони гаронбор (танбал) баъди ғизо хӯрдан бепарво нишаста саргарми ҳар хел суханҳо нашавед. Агар чунин кунед, Пайғамбар (с)-ро меранҷонед. Локин ӯ (с) шарм медорад ба шумо гӯяд, ки таъомро хурдед, хезеду равед. Вале Худованд барои гуфтани сухани ҳақ шарм намедорад ва он чи ҳаққаст барои шумо мегӯяд. Дигар ин ки чун шумо аз ин пас барои баровардани ҳоҷати худ зарфе ё асбоберо аз занони Расулуллоҳ (с) пурсиданӣ шудед ва хостед, ки бо онҳо дар сухан шавед, аз паси пардае, ки байни шуморо сатр карда тавонад, пурсон шавед. Ба таври куллӣ ба сӯйи занони Расулуллоҳ (с) нигоҳ накунед. Ин кор барои дур кардани шакку шубҳа ва васвасаи шайтон аз дилҳои шумо ва дилҳои онҳо лозим аст. Шуморо лоиқу сазовор нест ва ҳақ ҳам надоред ки Расули Худо (с)-ро биранҷонед. Дигар ин ки шумо, мутлақо, ҳақ надоред ва барои шумо ҳалол ҳам нест, ки баъди вафоти Расулуллоҳ (с) яке аз занҳои ӯ (с)-ро ба никоҳи худ дароред. Онҳо модари шумо (муъминон)-анд. Никоҳи модар барои фарзанд дуруст нест. Агар бил фарз, яке аз онҳоро ба никоҳи худ дароред, ин кор ҳалол нест ва назди Худованд гуноҳи бузург аст.

Дар баёни сабаби нузули ояти мазкур ривояти дигареро кардаанд, ки Умар ибни Хаттоб (р) гуфт: «Ё Расулаллоҳ (с)! Назди ҳамсарони шумо афроди баду нек ворид мешаванд. Эй кош, амр мекардед, онҳо ҳиҷоб мепӯшиданд. Ҳамоно Умар ибни Хаттоб (р) муваффақ шуд Худованд ояти ҳиҷобро нозил кард. Муфассирон ва олимони соҳаи фиқҳ гуфтаанд, ки баъд аз нозилшавии ин оят пӯшидани ҳиҷоб барои ҳамаи занони мусулмон фарз шуд. Зани мусулмон бояд на танҳо худро аз мардони номаҳрам бо ҳиҷоб пӯшонад, балки назди занҳои кофир низ бо ҳиҷоб бошад, зеро онҳо метавонанд барои шавҳарони худ занони мусулмонро таъриф кунанд.

Хулоса, ин оят одобомӯзи онҳо ва ояндагон шуд. Баъд аз он ояти зер нозил шуд ва дар он…

Мақолаи қаблӣСураи Аҳзоб Ояти 52 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Аҳзоб Ояти 54 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)