Фаронса ва 12 далели ҷолиби он

0

Ҳар халқу қавмият новобаста аз нажодаш соҳиби ватан, давлат,  забон, фарҳанг ва урфу одати хоси худ мебошад. Ҳама давлатҳо бошанд, дар ҳар риштаи фаъолият тараққикардаанду  дорои минтақаҳои аҷиби сайёҳӣ мебошанд. Давлате нест, ки дар он аҷибияте дида нашавад. Дар ин ҷо мо ҳоло Шуморо бо фактҳои ҷолиби Фаронса шинос хоҳем кард.


Дар рӯзи якшанбе тамоми мағозаҳои хурду калони Фаронса кор намекунанд. Ҳамагон ин рӯзро ба истироҳат мегузаронанд.


Рақами мошин аввалин маротиба дар ин давлат ихтироъ шуда, дар байни мардум оҳиста – оҳиста паҳн шудааст. Имрӯз бошад ин дар ҳама нақлиётҳо дида мешавад.


Фаронса дар истеҳсоли қувваи атомӣ баъди Амрико дар ҷаҳон мавқеи дуюмро ишғол мекунад. Ин аз ин ҷиҳат аз аксарияти давлатҳои пешқадам дар сафи пеш қарор дорад.


Дар Фаронса бо одами мурда издивоҷ кардан иҷозат дода шудааст. Барои ин танҳо президенти мамлакат розигӣ медиҳаду халос.


Ронандаҳои таксиҳои Парижи Фаронса барои ба қайд гирифтани рақами худ ҳамчун таксӣ қариб 200 ҳазор евро сарф менамоянд.


Дар қисмати сайёҳӣ Фаронса ҳамтое надорад. Ҳамасола ҳозорон сайёҳ ба ин мамлакат ташриф меораду аз минақаҳои тамошобобаш дидан мекунад. Дар ҳақиқат,  ин ҷо минтақаи сайру сайёҳат аст. Ба рақамҳо назар кунем, мувофиқи маълумоти оморӣ, ҳар сол зиёда аз 80 млн сайёҳ ба Фаронса ташриф меорад, ки ин нишондиҳанда то ҳол ба ҳеҷ давлати дигар муяссар нашудааст.


Шиори Фаронса “Liberté, Egalité, Fraternité” ном дорад, ки ба забони мо “Озодӣ, Баробарӣ, Бародарӣ” тарҷума мешавад.


Суруди миллии Фаронса дар вақти Револютсияи Бузурги Фаронса навишта шудааст, ки “Марселеза” ном дорад. Ҳамагон гумон мебаранд, ки ин шеър дар Марсел пайдо шудааст, аммо дар асл гием ин шеър моли Страсбург мебошад. Суруд дар аввал марши ҳарбии армияи Рейн ном дошт ва барои аҳолии Марсел бисёр писанд буд. Аз ин хотир онҳо ин сурудро шиори баталионҳои худ қарор доданд ва доимо якҷоя замзама мекарданд. Ин суруд соли 1793 ҳамчун суруди миллии Фаронса ба расмият дароварда шудааст.


Дар Фаронса бисёр қонунҳои аҷиб амал мекард ва мекунад. Масалан, номгузорӣ кардани хирс бо номи Напполеон қатъиян манъ карда шудааст. Дар роҳи оҳан ишқварзӣ кардан махсусан бусобусӣ дар қонун манъ аст. Ё то соли 1964 занҳо бе иҷозати шавҳар ҳуқуқи шиноснома гирифтанро надоштанд.


Дар солҳои 1748 – 1772 истеъмоли картошка муддати 24 сол қатъиян манъ карда шуда будааст. Ҳеҷ гуна картошка на вориду на аз мамлакат содирот мешудааст.


Забони фаронсавиҳо зиёда аз 300 сол забони расмии англисҳо будааст. Ҳоло 34%-и мардуми Фаронса озодона бо англисӣ суҳбат мекунанд.


Аз ҳама шоҳи хурдтарин дар ҷаҳон Ионаи I аз Фаронса будааст. Ӯ ҳангоми дар батни модар будан  шоҳ эълон шуда буд ва баъди 5 рӯзи таваллуд вафот кард.


Боз аз аҷибиҳои кадом давлат мехоҳед бохабар бошед? 

11 факти ҷолиб дар бораи Амрико

Мақолаи қаблӣПешвои ҳақиқӣ кист?
Мақолаи баъдӣ11 факти ҷолиб дар бораи Амрико

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед