Сураи Аҳзоб Ояти 69 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ахзоб Ояти 69 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Аҳзоб Ояти 69

يٰۤـاَيُّهَا الَّذِيۡنَ اٰمَنُوۡا لَا تَكُوۡنُوۡا كَالَّذِيۡنَ اٰذَوۡا مُوۡسٰى فَبَـرَّاَهُ اللّٰهُ مِمَّا قَالُوۡا ؕ وَكَانَ عِنۡدَ اللّٰهِ وَجِيۡهًا ٦٩

Йа айюҳа-л-лазӣна аману ла такуну ка-л-лазӣна азав Муса фа баррааҳуллоҳу мим ма Қолу. Ва кана ъиндаллоҳи ваҷӣҳа. 69.

69. Эй касоне, ки имон овардаед, монанди ононе, ки Мӯсоро ранҷониданд, мабошед. Пас, Худованд ӯро аз он чӣ гуфта буданд, пок сохт ва Мӯсо назди Худо обрӯманд буд.

Аз мутолиаи оятҳои гузашта маълум шуд, ки шахсоне, ки имони заиф доштанд ё мунофиқ буданд, дар бораи оилаи Пайғамбар (с) хусусан дар бораи Зайнаб бинти Ҷаҳш модари муъминон (р) бо гуфтани суханҳои беасли аз ҳад зиёд Расулуллоҳ (с)-ро озор расониданд. Худованд сирру асрори онҳоро фош кард ва ҷазои мувофиқро барои онҳо муқаррар сохт. Ҳоло дар ин оят Худованд ба муъминон хитоб намуда аст, ки бани Исроил ба Мӯсо (а) озорҳо расониданд. Шумо эҳтиёт бошед, то муомалаи шумо бо Пайғамбар (с) чун муомилаи бани Исроил бо Мӯсо (а) набошад. Эй муъминон, шумо монанди касоне набошед, ки онҳо бо гумон ва тахмин Мӯсо (а)-ро озор доданд, локин Худованд ӯ (а)-ро аз ҳамаи он суханҳои аз рӯйи тахмин ва гумон гуфташуда пок гордонда буд. Зеро ӯ (а) дар пешгоҳи Худованд шахси бузург ва боманзалату обрӯманд буд. Дигар пайғамбарон ҳам аз Қавми саркаши худ озорҳо дидаанд, аммо дар ин оят чаро ҳазрати Мӯсо (а) махсусан зикр шуд? Дар ҷавоби ин суол муфассирон гуфтанд, ки он миқдоре, ки Мӯсо (а) аз бани Исроил озор дидааст, ҳеҷ пайғамбар надидааст. Ҳоло бо овардани як озори онҳо эзоҳи маънои ин оятро ҳусни хотима мебахшем. Дар таърихи ҳазрати Мӯсо (а) бо ривояти Ибни Абӯ Шайба ва Ибни Ҷарир аз Ибни Аббос (р) омадааст, ки чун Мӯсо (а) ғусл мекард аз назари мардум дур ва танҳо ғусл мекард. Мардум ба ӯ (а) туҳмат карданд, ки гӯё баданаш пес аст ё ин ки мегуфтанд «дабба» (мояаҳояш варам) аст. Рӯзе Мусо (а) мувофиқи шариати худ, дар ҷое танҳо, дур аз мардум, либосҳои худро болои санг ё таги он ниҳоду ба шустушӯи бадани худ машғул шуд. Ногаҳои санг дар либосҳои Мӯсо (а) печиду ба ҳаракат даромада хело рафт, ҳатто аз пеши Қавм ҳам, гузашт. Чун Мӯсо (а) дид, ки либосҳояш ҳамроҳи санг дар ҳаракатанд, шитобид, то онҳоро гирад, ногузир бо тани урён аз пеши Қавм гузашт. Ҳамаи онҳое, ки ба Мӯсо (а) айбҳо метарошиданд, диданд, ки Мӯсо (а) дар ҷисмаш айбе надорад. Бо ҳамин тарз, Худованд Мӯсо (а)-ро аз он чи мунофиқон дар ҳаққаш мегуфтанд, поку покиза нишон дод ва душманони ӯ (а)-ро ба ҷазо кашонд.

Хулоса, ояти мазкур ба муъминон панд додааст, ки аз озори Расулуллоҳ (с) даст бикашанд. Агарчи Муҳаммад (с) ҳоло дар байни мо нест, локин ояти зер ин суханро тасдиқ мекунад, ки аз суханҳо ва рафтори номуносиби уммати худ рӯҳашон ранҷ мекашад. Ибни Масъуд (р) зери мазмуни ояти мазкур гуфтааст, ки рӯзе Расулуллоҳ (с) молеро байни саҳобагон тақсим мекард. Дар он асно марде аз ансор гуфт: «Дар ингуна тақсимот ҳаргиз ризои Худованд мадди назар Қарор дода нашуд». Пас, чеҳраи мубораки Расулуллоҳ (с) аз хашм Қирмизӣ шуд. Онгоҳ фармуданд «Раҳмати Худованд бар Мӯсо бод, зеро ӯ (а) аз ин бештар мавриди озор Қарор мегирифт, локин сабр мекард». Оре! Мӯсо (а) то он ҷое назди Худованд мартабаи баланд дошт, ки бе восита Худованд ба вай сухан гуфт, аммо мардуми ҷоҳил аз он бехабаранд.

Ояти зер тарзи сухан гуфтанро таълим медиҳад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Аҳзоб «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Аҳзоб Ояти 68 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Аҳзоб Ояти 70 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)