Сураи Аҳзоб Ояти 71 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ахзоб Ояти 71 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Аҳзоб Ояти 71

يُّصۡلِحۡ لَـكُمۡ اَعۡمَالَـكُمۡ وَيَغۡفِرۡ لَـكُمۡ ذُنُوۡبَكُمۡؕ وَمَنۡ يُّطِعِ اللّٰهَ وَرَسُوۡلَهٗ فَقَدۡ فَازَ فَوۡزًا عَظِيۡمًا ٧١

Юслиҳ лакум аъмалакум ва яғфир лакум зунубакум. Ва ма-й ютиъиллаҳа ва расулаҳу фақад фаза фавзан ъазӣма. 71.

71. То Худо кирдорҳои шуморо ба салоҳ орад ва барои шумо гуноҳони шуморо биёмурзад! Ва ҳар кас Худо ва Расули Ӯро фармон барад, пас, ҳаройина, пирӯзии бузургро ноил шудааст.

Худованд дар ин оят мукофоти инсонеро, ки ба ҳукми ояти Қаблӣ итоат мекунад ва сухани рост мегӯяд, баён карда чунин гуфтааст, ки касе, ки дар ҳама ҳол сухани ҳақ ва ростро мегӯяд, шахси Худотарс аст. Яъне касе Худотарс ва ростқавл бошад, Худованд амалҳои ӯро ислоҳ мекунад ва баъзе гуноҳҳое, ки аз рӯйи нодонӣ содир кардааст, мебахшад. Дар сураи «Ҳуд», ояти 114-ум Худованд гуфтааст, ки амалҳои нек гуноҳҳонро аз байн мебаранд. Оре! Тақво (тарс аз Худо), дар ҳақиқат забонро ислоҳ месозад. Ислоҳи амалҳо нишонаи омурзиши гуноҳҳон аст. Забон метавонад пурбаракаттарин ва хатарноктарин узви бадани инсон бошад. Локин хушо ба ҳоли касе, ки сухани росту дуруст мегӯяд. Дар ҷумлаи охир Худованд гуфтааст, ки ҳар касе, ки таҳти фармони Худо ва Расули ӯ (с) кор мебарад, дар дунё ва дар охират ба растагорӣ ва ба комёбии бузург ноил мегардад. Яъне ба неъматҳои пойдори Биҳишт сарфароз мешавад. Бинобар ривояти баъзе муфассирон ҳар боре, ки Расулуллоҳ (с) барои мавъиза ба минбар мебаромад, албатта, ояти Қаблиро дар хутбаи худ мехонд: «Эй мусулмонон, аз Худо битарсед ва сухани рост бигӯед». Имом Ғазолӣ дар китоби «Эҳёу-л-улум»-и худ тақрибан зиёда аз бист гуноҳи кабирае, ки аз забони инсон сар мезанад, дарҷ намудааст: Дурӯғ, ғайбат, суханчинӣ, мунофиқӣ (дурӯягӣ), касе, ки сазовори таъриф нест, таъриф кардан, бадзабонӣ (дашном), ғино ва хондани ашъори нодуруст, мазоҳро аз ҳад гузаронидан, касеро масхара кардан, фош кардани сирри касе, ваъдахилофӣ, лаъни беҷо дар хусумат, низоъ, ҷидол, аз ҳад гузаронидан, гуфтугӯ дар корҳои ботил, пурсуханӣ, васфи маҷлиси шароб, Қимор ва амсоли он, савол ва ҷустуҷӯи масъалае, ки аз уҳдаи дарки инсон берун аст, тасаннӯъ ва такаллуф дар сухан гуфтан, худситоӣ, изо ва мазаммати касе, ки сазовори мазаммат нест ва ғайра.


Рӯйхати оятҳои Сураи Аҳзоб «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Аҳзоб Ояти 70 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Аҳзоб Ояти 72 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)