Сураи Аҳзоб Ояти 73 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ахзоб Ояти 73 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Аҳзоб Ояти 73

لِّيُعَذِّبَ اللّٰهُ الۡمُنٰفِقِيۡنَ وَالۡمُنٰفِقٰتِ وَالۡمُشۡرِكِيۡنَ وَالۡمُشۡرِكٰتِ وَيَتُوۡبَ اللّٰهُ عَلَى الۡمُؤۡمِنِيۡنَ وَالۡمُؤۡمِنٰتِؕ وَكَانَ اللّٰهُ غَفُوۡرًا رَّحِيۡمًا ٧٣

Ли юъаззибаллоҳу-л мунафиқӣна ва-л-мунафиқоти ва-л-мушрикӣна ва-л мушрикати ва ятубаллоҳу ъала-л-муъминӣна ва-л муъминат. Ва каналлоҳу Ғафура-р-Раҳӣма. 73.

73. То охири кор он шавад, ки Аллоҳ мардони мунофиқ ва занони мунофиқаро ва мардони мушрик ва занони мушрикаро азоб кунад ва Худованд бар мардони мусалмон ва бар занони мусалмон ба раҳмати Худ руҷӯъ кунад ва Аллоҳ омурзандаву меҳрубон аст.

Дар охирин ояти сураи «Аҳзоб» Худованд натиҷаи Қабули бардоштани он амонатро чунин баён кардааст: Ҳамаи инсонҳо дар бардоштани ин амонати бузурги Илоҳӣ ба се гурӯҳ тақсим шуданд: мунофиқон, мушрикон ва муъминон. Мақсад аз таклифи амонат бар инсон барои он будааст, ки то мардони мунофиқ ва занони мунофиқа ва мардони мушрик ва занони мушрика, ки таълимоти Илоҳиро Қабул накарданд, муайян шаванд. Худованд дар дунё ва охират онҳоро ба азобӣ Худ бикашад ва барои мардони муъмин ва занони муъмина, ки ба амонати Илоҳӣ хиёнат накарданд, раҳмати Худро бифиристад. Зеро Худованд барои тавбакунандагон бисёр омурзандаву меҳрубон аст. Поёни сураи «Аҳзоб» ва лиллоҳил ҳамд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Аҳзоб «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Аҳзоб Ояти 72 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Сабо (Сабаъ) – Тафсири Осонбаён (Қуръон)