Сураи Сабо (Сабаъ) – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Сабо / Сабаъ – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Сабо дар Макка нозил шуда, дорои 54-оят аст.

Ин сура барои он сураи «Сабо» номида шудааст, ки дар он саргузашти Қавми Сабо (Яман) зикр шудааст.

Меҳвари асосии сураи мазкур мисли дигар сураҳое, ки дар Макка нозил шудаанд, маҳкам сохтани ақидаи исломии ҳар инсон аст. Дар сураи мазкур аз «мабдаъ» (пайдоиш) «маъод» (бозгашт) ва хоссатан аз Пайғамбарӣ сухан рафтааст. Ҳамчунин сураи мазкур дарбаргирандаи масъалаи тавҳид (Худоро якка ва ягона донистан) буда, аз неъматҳои бузурги Худованд ва аз сарнавишти шукргузорону куфронкунандагон ва аз зиндагии Сулаймон (а) ва аз Қавми Сабо низ сухан кардааст. Сураи мазкур ба ҳамду санои Парвардигор ва бо сифатҳои баркамоли Ӯ оғоз шуда алайҳи пиндори мушрикон, ки охират ва аз сари нав зинда шуданро инкор доранд, посух додааст. Мувофиқи услуби сураи мазкур Қиссаи Довуд (а) ва Сулаймон (а) низ баён шудааст. Ҳамчунин Қиссаи Қавми Сабо, ки дар ивази саркашӣ ва куфрашон бо чӣ балоҳо дучор шуданд зикр шудааст. Барои радди шакку шубҳаи кофирону мушрикон далелу ҳуҷҷатҳо низ зикр шудааст. Ин буд назари кӯтоҳ аз даричаи сураи «Сабо».


Рӯйхати оятҳои Сураи Сабо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Аҳзоб Ояти 73 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Сабо Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)