
Мамлакати хушктарин дар ҷаҳон Лубнон (Ливан) мебошад. Қариб 99 дарсади масоҳати онро биёбон ташкил медиҳад. Дар баъзе минтақаҳои Лубнон даҳсолаҳо борон намеборад.
Истанбул (Туркия) дар ҷаҳон ягона шаҳрест, ки дар ду қитъаи олам: Аврупо ва Осиё доман паҳн кардааст.
Зичии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Муғулистон хеле кам мебошад. Он тақрибан дар 1,5 километри мураббаъ ба 4 нафар баробар аст.
Антрактида ягона қитъаест, ки ба ягон мамлакат вобастагӣ надорад. 90 дарсади яхҳои ҷаҳон дар Антрактида ҷойгир буда, 70 дарсади обҳои ширини сайёраи моро ташкил медиҳанд.


