Дар ин саҳифа одоби рӯзи Иди Рамазон оварда мешавад. ОДОБҲОИ РӮЗИ ИДИ РАМАЗОН ВА БАЪЗЕ АЗ АҲКОМИ ОН.

1. ЗАКОТИ ФИТРРО ДОДАН.
Бегоҳии шаби Ид ё то Идгоҳ рафтан закоти Фитр дода шавад. Як ё ду рӯз пеш аз Ид додан низ ҷоиз аст.
2. ТАКБИР ГУФТАН.
Такбир гуфтанро аз вақти нишастани Офтоб дар шаби ид оғоз намуда, то ҳозир шудани Имом ба намози Ид давом медиҳем.
КАЛИМАҲОИ ТАКБИР:
? اللهُ أكبر اللهُ أكبر، لا إلهَ إلَّا الله، واللهُ أكبر اللهُ أكبر، ولله الحَمْد
Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар. Ла илаҳа иллаллоҳу, валлоҳу акбар, валлиллоҳил ҳамд.
3. БО ОВОЗИ БАЛАНД ТАКБИР ГУФТАН.
Мардҳо дар бозорҳо, масҷидҳо ва хонаҳо ва ё ҳангоми рафтан ба сӯйи Идгоҳ бо овози баланд такбир мегӯянд, аммо занҳо овози худро баланд намекунанд ❗️
4. ҒУСЛ (ОББОЗӢ) КАРДАН.
5. ЛИБОСИ ТОЗА ВА ЗЕБО ПӮШИДАН.
Ин барои мардҳо аст.
Аммо занҳо либоси зеборо дар кӯча намепӯшанд. Ба занҳо либосҳои диққатҷалбкунанда ва зеборо дар кӯча пӯшидашон ҳаром аст ❗️
6. АТР ВА ХУШБӮЙӢ ЗАДАН.
Танҳо барои мардҳо, ба занҳо дар кӯча атр ҷоиз нест ❗️
7. ХУРМОҲОЕРО ТАНОВУЛ КАРДА БА ИДГОҲ РАФТАН.
Адади хурморо тоқ яъне 3 ё 5 дона хӯрдан суннат аст, агар хурмо набошад ягон чизеро хӯрда ба Идгоҳ рафтан.
8. ЗАНҲО ВА КӮДАКОН ВА ҲАТТО ЗАНҲОИ ОДАТИ МОҲОНА (ҲАЙЗ) БУДА БА ИДГОҲ РАФТАН ҶОИЗ АСТ.
9. БА ИДГОҲ ПИЁДА РАФТАН.
10. БО РОҲЕ БА ИДГОҲ РАФТАН ВА БО РОҲИ ДИГАРЕ БАРГАШТАН.
11. НАМОЗИ ИДРО ДАР ИДГОҲ ХОНДАН.
Намози Идро дар Идгоҳ хондан суннат аст, вале бо сабабе ё узре дар масҷид хондан ҷоиз аст.
✳️Танбеҳ: Бо қадри тавоноӣ барои омода кардани Идгоҳ ба якдигар кӯмак намоед‼️
12. ДАР ИДГОҲ ПЕШ АЗ НАМОЗИ ИД ВА БАЪДИ ОН НАМОЗИ НОФИЛА НАХОНДАН.
13. НАМОЗИ ИД АЗОН ВА ҚОМАТ НАДОРАД.
14. ДАР РАКЪАТИ АВВАЛ СУРАИ АЪЛО ВА ДАР РАКЪАТИ ДУЮМ СУРАИ ҒОШИЯРО ХОНДАН.
Ё ки дар ракъати аввал сураи Қоф ва дар ракъати дуюм сураи Қамарро хондан суннат аст. Дигар сураҳоро хондан низ ҷоиз аст.
15. ХУТБАИ ИД БАЪДИ НАМОЗ ХОНДА МЕШАВАД.
16. ХУТБАИ ИМОМРО ГӮШ КАРДАН.
17. ТАБРИК ВА ТАҲНИЯТ КАРДАН.
18. БО ТӮҲФАҲО ВА ҲАДИЯҲО КӮДАКОНРО ХУРСАНД ВА ХУШНУД СОХТАН.


