Сураи Ёсин Ояти 68 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ёсин Ояти 68 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ёсин Ояти 68

وَمَنۡ نُّعَمِّرۡهُ نُـنَكِّسۡهُ فِى الۡخَـلۡقِ‌ؕ اَفَلَا يَعۡقِلُوۡنَ ٦٨

Ва ман-н нуъаммирҳу нунаккисҳу фи-л-халқи афала яъқилун. 68.

68. Ва ҳар киро (,ки хоҳем) умри дароз медиҳему дар офариниш нагунсораш мекунем, оё ақл надоранд?

Онон, ки ба ин сухан (масх) бовар надоранд, пас бояд бидонад, ки масх, яъне тағйир додани сурат назди Ӯ таъоло ҳеҷ мушкилие надорад. Аз ин рӯ Офардигор мегӯяд, ки оё намебинанд шахсеро, ки ба ӯ умри дароз медиҳам, оҳиста-оҳиста умраш ба поён мерасад, ба тадриҷ Қоматаш хам мегардад, Қудрату тавоноияш кам гашта, ҳатто аз ҷиҳати ақл ҳам нуқсон пайдо мекунад ва рафта-рафта ба мисли даврони кӯдакӣ камақлу камқуввату камфаҳм гардида, ба нигоҳубини дигарон эҳтиёҷ пайдо мекунад? Оё ин масх (дигаргунии сурат) нест? Оё Зоте, ки бар масх гардонидани инсонҳо Қодир аст, пас наметавонад онҳоро чунон кӯрдил бисозад, ки дигар роҳи ҳақиқатро набинад? Албатта, метавонад! Оё Қодир нест неруи онҳоро дар ҷавониашон бигираду мисли санг гардонад, ки дигар на пеш рафта тавонанду на пас? Пас чаро фикр намекунанд, ки онҳо барои дунёи дигаре офарида шуданд? Инсон, ки аз ҳама чиҳат заъиф будааст, пас чаро ақлу фаросати худро ҷамъ намекунаду дар роҳи тоату ибодати Аллоҳи ягона сафарбар намекунад? Оё насиҳатҳои Куръонӣ бофтаву хаёлоти касест, ки ба ӯ эътибор намедиҳанд?

Ояти зер ақидаи мушриконеро, ки мегӯянд фиристодаи Аллоҳ, яъне Муҳаммад (с) шоир аст, рад намуда фармудааст, ки…


Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣЧанд маълумоти аҷиб дар бораи давлатҳо
Мақолаи баъдӣСураи Ёсин Ояти 69 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)