Дар ин мақола маълумот дар бораи Академияи Афлотун оварда мешавад.

Он иттиҳоди динию фалсафиест, ки тақрибан соли 387 то мелод Афлотун таъсис карда буд. Мактаби Афлотун то асри 6 мелодӣ вуҷуд дошт. Академияи Афлотун (дар ибтидо Гекадемия) аз номи қаҳрамони асотирӣ- Академ, ки боғи Афлотун низ ба номи ӯ гузошта шуда буд, гирифта шудааст. Ба иттиҳоди номбурда схоларх, ки аъзои Академияи Афлотун интихоб мекарданд, сарварӣ менамуд.
Аъзои Академияи Афлотун бо ихтиёри худ аз серхобӣ худдорӣ мекарданд, аз ишқи нафсонӣ канораҷӯӣ менамуданд ва гӯшт намехӯрданд. Дар Академияи Афлотун бисёр илмҳои замона – фалсафа, риёзиёт, нуҷум, табиатшиносӣ ва ғайра тадқиқ мешуданд. Махсусан ба масъалаи илми риёзӣ диққат медоданд. Дар пештоқи дарвозаи Академияи Афлотун чунин шиор навишта шуда буд: «Касе, ки риёзиётро намедонад, ба Академия дохил нашавад»! То замони Ситсерон Академияи Афлотунро ба Қадим ва Нав, баъдтар ба Қадим, Миёна ва Нав ҷудо мекарданд.


