Тафсири Сураи Анбиё Ояти 105 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анбиё Ояти 105
وَلَقَدْ كَتَبْنَا فِي الزَّبُورِ مِنْ بَعْدِ الذِّكْرِ أَنَّ الْأَرْضَ يَرِثُهَا عِبَادِيَ الصَّالِحُونَ ١٠٥
Ва лақад катабна фи-з Забури мин баъди-з-зикри анна-л-арЗа ярисуҳа ъибадия-с-солиҳун. 105.
105. Ва ҳаройина, навиштем дар Забур баъд аз Таврот, ба дурустие ки Заминро бандагони шоистаи Мо ворис шаванд.
Худованд дар ин оят аз ваъдаҳое, ки дар дунё ба бандагони мухлис ва обиди худ додааст, ёдовар шуда аст, албатта он ваъдаҳо амалӣ хоҳанд шуд. Муфассирон зери маънои калимаҳои «забур» ва «Замин» фикрҳои гуногунро баён кардаанд. Хулоса, «Забур» шакли ҷамъи калимаи «забр» буда ба маънои «китоб» аст. Метавон гуфт, ки «Забур» номи китоби осмониест, ки аз тарафи Худованд, ба ҳазрати Довуд (а) нозил шудааст. Аз ибни Аббос (р) ривояте омада аст, ки мурод аз калимаи зикр дар ин оят «Таврот» аст ва мурод аз калимаи «забур» китобҳое аст, ки пас аз «Таврот» нозил шудаанд.
Мурод аз калимаи «Замин» дар ин ҷо Замини Биҳишт аст. Бисёре аз муфассирон ин фикрро мақбултар меҳисобанд. Аммо баъзе онро Замини дунё ҳисобидаанд. Валлоҳу аълам.
Бо назардошти фикрҳои зикршуда Худованд дар «Таврот» ва китобҳои баъд аз он нозилшуда ба бандагони содиқ, мухлис, солеҳ ва обиду шоистаи худ ваъда кардааст, ки онҳо дар дунё ва охират комёб хоҳанд шуд ва низ онҳоро вориси Замини дунё ва Ҷаннат хоҳем сохт.
Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «