Тафсири Сураи Анбиё Ояти 107 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анбиё Ояти 107
وَمَا أَرْسَلْنَاكَ إِلَّا رَحْمَةً لِلْعَالَمِينَ ١٠٧
Ва ма арсалнака илла раҳмата-л лил ъаламӣн. 107.
107. Ва нафиристодем туро, магар аз рӯи меҳрубонӣ бар ҷаҳониён.
Калимаи «оламин»-е, ки дар ин оят истифода шуда аст, ба маънои ҷамъи «олам» аст ва ҳамаи офаридаҳои Аллоҳтаъолоро чун инсонҳо, ҷинҳо, ҳайвонот, наботот ва ғайраро дар бар мегирад. Худованд дар ин оят фармудааст, ки ай Муҳаммад (с), Мо туро ҳамроҳи ҳукмҳо ва қонунҳои шариъат ҷуз ба унвони раҳмат барои оламиён нафиристодаем. Дар ҳадис омадааст, ки Расулуллоҳ (с) чунин фармудаанд: «Ҳамоно, ман раҳмат ва баракате ҳастам, ки аз ҷониби Худо ба башарият ҳадя шудам».
Худованд бо фиристодани Муҳаммад (с) ба тамоми халқ раҳму карам намудааст, зеро ӯ (с) бо худ озодӣ ва саодатро ба армуғон овардааст. Инсонҳо ба василаи ӯ (с) ба фаровонии хайри дунё ва охират ноил мегарданд. Зеро баъд аз нодонӣ онҳоро огоҳ сохт ва баъд аз гумроҳӣ онҳоро ба роҳи рост ҳидоят кард.
Пас касе дар роҳи ӯ (с) аст, дар дунё ва охират некбахт хоҳад буд.
Ибни Касир аз ҳазрати Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят кардааст, ки Расули Худо (с) фармуд: «Ман раҳмати эҳдошудаи Худованд ҳастам, то гурӯҳеро сарбаланд созам ва гурӯҳи дигареро ба пастӣ нишонам».
Муфассирон гуфтаанд: Маънои раҳмат будани Он ҳазрат (с) барои кофирон ин аст, ки онҳо аз сабаби фиристода шудани Он ҳазрат (с) аз азобҳои дунявӣ чун фурӯ рафтани диёрашон дар Замин, решакан шудан аз арсаи ҳастӣ, аз масх (дигар шудани сурат) эмин монданду азобашон ба таъхир афтод. Валлоҳу аълам.
Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «