Тафсири Сураи Анбиё Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анбиё Ояти 23
لَا يُسْأَلُ عَمَّا يَفْعَلُ وَهُمْ يُسْأَلُونَ ٢٣
Ла юс-алу ъам ма яфъалу ва ҳум юс-алун. 23.
23. Аз он чӣ Худо мекунад, пурсида намешавад, аммо онҳо пурсида хоҳанд шуд.
Ҳақ таъоло Зотест беҳамто, дар Худо будан ягона, соҳибмулки мутлақ аст ва ба майли Худ дар мулкаш чигунае, ки хоҳад, тасарруф мекунад. Огоҳ асту тамоми амрҳояш бар асоси ҳикмат ҷорист. Бинобар ин аз сӯи касе аз офаридагонаш мавриди пурсиш қарор намегирад. Аммо аз он чи бандагон мекунанд, пурсида мешаванд. Яъне Худованд онҳоро аз кардаҳояшон мавриди пурсиш қарор медиҳад, зеро онҳо бандагони Ӯянд. Ҳамчунин ҳамаи махлуқҳое, ки мушрикон онҳоро чун худо мепарастанд (мисли фариштагон ва ғ.), мавриди бозпурсӣ қарор мегиранд. Ҳеҷ махлуқ салоҳияти худоиро надорад, зеро ӯ банда, итоаткунанда ва офаридаи Худои субҳон аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «