Сураи Анбиё Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анбиё Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анбиё Ояти 22

لَوْ كَانَ فِيهِمَا آلِهَةٌ إِلَّا اللَّهُ لَفَسَدَتَا ۚ فَسُبْحَانَ اللَّهِ رَبِّ الْعَرْشِ عَمَّا يَصِفُونَ ٢٢

Лав кана фӣҳима алиҳатун иллаллоҳу ла фасадата. Фа субҳаналлоҳи Рабби-л-Ъарши ъамма ясифун. 22.

22. Агар дар осмонҳову Замин ғайри Худо худоёне чанд мебуданд, албатта, ҳар ду табоҳ мегаштанд. Покӣ Худованди Аршрост аз он чӣ (мушрикон) сифат мекунанд.

Дар ин оят Худованд бо далели оддӣ ба тавҳид (ягонаги)-и Худ ишора намуда гуфтааст, ки агар дар осмон ва Замин ду худо (молик ва соҳибихтиёр) бошанд, зоҳиран бояд ҳукмҳои ҳарду дар осмон ва Замин комилан иҷро шаванд. Зеро одатан ин имкон надорад, ки он чи яке ҳукм кунад, дувум ҳам айнан он ҳукмро содир кунад, ё он чи яке писанд кунад, дувумӣ ҳамонро писанд кунад. Дар натиҷа ихтилофи фикр ва ихтилофи ҳукмҳо ногузир пайдо хоҳад шуд ва ҳар гоҳ ҳукмҳои ду худо дар Замин ва осмон содир гардад, ба ҷуз вайронии осмон ва Замин чизи дигаре нахоҳад шуд.

Ҳоло, ки ҷаҳони офариниш аз назм ва қонуни дақиқ бархурдор аст, метавон чунин натиҷа гирифт, ки ин назм ва қонун, маҳсули тавоногии як Худованд аст. Худо аз ширк доштан ва ҳама айбу нуқсон пок аст. Пас Худо Парвардигори Арш аст, аз он чи мушрикон, кофирон нисбати Ӯ таъоло мегӯянду васф мекунанд пок аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анбиё Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анбиё Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)