Сураи Анбиё Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анбиё Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анбиё Ояти 28

يَعْلَمُ مَا بَيْنَ أَيْدِيهِمْ وَمَا خَلْفَهُمْ وَلَا يَشْفَعُونَ إِلَّا لِمَنِ ارْتَضَىٰ وَهُمْ مِنْ خَشْيَتِهِ مُشْفِقُونَ ٢٨

Яъламу ма байна айдӣҳим ва ма халфаҳум ва ла яшфаъуна илла ли маниртаЗа ва ҳум-м мин хашятиҳӣ мушфиқун. 28.

28. (Худо) он чиро, ки дар пеши рӯйи онҳо ва он чиро, ки паси пушти онҳост, медонад ва шафоъат намекунанд, магар барои касе, ки (Худо аз ӯ) хушнуд шудааст. Ва онҳо аз тарси Худо дар изтиробанд.

Худованд дар ояти мазкур ба мо хабар додааст, ки он чиро, ки фариштагон дар гузашта иҷро кардаанд ва он чиро, ки дар оянда амал хоҳанд кард, медонад ва ҳам аз дунёи онҳо бо хабар аст ва ҳам аз охирати онҳо. Пас онҳо ҳеҷ амалеро анҷом надода ва ҳеҷ суханеро нагуфтаанд ва намегӯянд, магар ин ки Худованд онҳоро медонад. Ҳар дастуре барои амал ё сухане барои фариштагон бошад, мувофиқи ҳикмати Аллоҳ таъоло хоҳад буд. Рӯзи қиёмат барои касе онҳо шафоъат намекунанд, магар аз касе, ки аҳли имон бошад ва барои шафоъат кардан Худо аз ӯ розӣ бошад.

Абдуллоҳ ибни Аббос (р) фармудааст, ки касонеро, ки дар дунё калимаи таййиба

«Ла Илаҳа иллалоҳу Муҳаммаду-р-расулуллоҳ»-ро ба забон гуфта, ба дил тасдиқ карда бошанд, фариштагон бо иҷозати Парвардигор шафоъат мекунанд. Зеро фариштагон бо сабаби огоҳие, ки нисбат ба шаъни Худованд доранд, аз тарси Ӯ дар изтиробанд ва наметавонанд бо ихтиёри худ касеро шафоъат кунанд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анбиё Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анбиё Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)