Сураи Анбиё Ояти 37 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анбиё Ояти 37 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анбиё Ояти 37

خُلِقَ الْإِنْسَانُ مِنْ عَجَلٍ ۚ سَأُرِيكُمْ آيَاتِي فَلَا تَسْتَعْجِلُونِ ٣٧

Хулиқа-л-инсану мин ъаҷал. Са урӣкум айатӣ фа ла тастаъҷилун. 37.

37. Офарида шуд одамӣ аз шитоб, ба шумо нишонаҳои Хешро нишон хоҳам дод, пас, аз Ман бо шитоб талаб макунед!

Оид ба сабаби нузули ояти мазкур муфассирон гуфтаанд, ки ояти мазкур дар бораи қабилаи Қурайш, вақто ки онҳо азоби Илоҳиро бо шитоб талабиданд, нозил шудааст.

Бинобар гуфти онҳо (муфассирон) ибораи «инсон аз шитоб офарида шудааст» ғояи муболиға аст, яъне дар инсон бесабрӣ ва шитобзадагӣ чунон бисёр ва тамкину оромӣ чунон кам аст, ки гӯё ӯ аз шитоб офарида шудааст. Хулоса, инсон доимо шитоб дорад, медиҳад ки бисёр чизҳо ҳарчанд, ки зиёновар ҳам бошанд, аз замони муқаррарӣ зудтар воқеъ шаванд.

Хулоса, чун мушриконро хабар дода мешуд, ки дар ивази саркашӣ ва беҳаёгиятон ба балову азоби Илоҳӣ гирифтор хоҳед шуд, дар посух онҳо бо истеҳзо талаб мекарданд, ки агар шумо ҳақ бошед ва мо воқеъан мустаҳиққи азоб бошем, пас чаро азобро фавран бар сари мо ворид намегардонед?

Дар давоми ояти мазкур Худованд фармудааст, ки сабр кунед, ба зудӣ ҳангоми омадани азоб ба шумо нишонаҳои қаҳри Худ ва сазои шуморо вонамуд мекунем. Бо шитобзадагӣ (онро) аз Ман нахоҳед, зеро азоб қабл аз вақт намеояд ва аз вақти омаданаш таъхир ҳам намешавад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анбиё Ояти 36 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анбиё Ояти 38 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)