Шарҳи Чоркитоб
Матни муқаддима
Бо Сулаймон дод мулку сарварӣ,
Шуд мутеъи хотамаш деву парӣ.
Шарҳи матн
1-Аллоҳ субҳонаҳу ва таоло, ки лоиқи ҳамду сано ва воҷибулибодат аст, агар ба касе мулку сарварии бо азамат бидиҳад, ҳеҷ касе мисли онро дода наметавонад.
2-Аллоҳ таоло ба яке аз бандагони баргузидааш пайғамбари барҳақ ҳазрати Сулаймон (а), ончунон мулку сарварӣ дода буд, ки ғайр аз сарварии болои башар болои ҷинҳо низ сарварӣ мекард ва онҳо низ дар зери султаи ҳукмаш қарор доштаанд.
Далелҳои матн
1-Насаби ҳазрати Сулаймон. Сулаймон ибни Довуд ибни Биши ибни Ғуфил ибни Юъаз ибни Салмун ибни Маҷшун ибни Инорот ибни Радам ибни Ҳазрун ибни Ёриз ибни Яҳудо ибни Яъқуб ибни Исҳоқ ибни Иброҳим ибни Озар , яъне Ториҳ ибни Ноҳур ибни Арғӯ ибни Сориҳ ибни Фолиҳ ибни Обир ибни Шолиҳ ибни Арфахшад ибни Сом ибни Нӯҳ ибни Ломак ибни Мутавашлиҳ ибни Хунух (Идрис) ибни Муҳлайл ибни Қанаъон ибни Шис ибни Одам алайҳимус-салом аст.
Ҳазрати Сулаймон 523 сол баъд аз вафоти ҳазрати Мусо дар шаҳри Ғаззаи Фаластин ба дунё омадааст ва бо васияти падараш дар 12 солагияш подшоҳ интихоб шудааст ва чиҳил сол подшохӣ кардааст ва дар сини 52 солагияш вафот кардааст.
Пас агар ҳамчуноне дар китобҳои муқаддаси аҳли китоб омадааст, ки фосилаи замонии дар байни ҳазрати Мусо ва ҳазрати Исо 1200 сол аст ва фосилаи замонии байни ҳазрати Сулаймон ва ҳазрати Исо 700 сол аст дуруст бошад, дар чунин ҳолат метавон гуфт, ки ҳазрати Сулаймон бештар аз 2700 сол қабл аз замони мо гузаштааст.
2-Пайғамбарӣ ва подшоҳии Сулаймон алайҳиссалом.
Ҳазрати Сулаймон дар шонздаҳ солагияш бунёди шаҳри “Байтулмуқаддас”-ро оғоз кардааст ва дар муддати ҳафт сол онро ба итмом расонидааст. Баъди бинои шаҳр дар муддати 13 сол Ҳайкал, яъне қасри подшоҳӣ, Масҷиди ақсо ва мазбаҳи қурбон, яъне макони қурбони карданро бунёд кардааст.
Аллоҳ таоло барояш донистани забони ҳайвонотро дононда буд, ки бо тамоми анвоъи ҳайвонот сухан мегуфт ва ҷинҳо ва шайтонҳоро тобеъи ҳукмаш карда буд.
3-Ҳайкали ҳазрати Сулаймон. Ҳайкал ба забони арабӣ ба маънои макони баланд аст ва дар форсӣ ҳайкал муҷассамаро мегӯянд, вале ҳайкали ҳазрати Сулаймон вожаи луғати сумарӣ буда маънояш қаср ва ибодатгоҳ аст. Шояд масҷиди бунёдкардаи ҳазрати Сулаймонро барои он ҳайкал гуфта бошанд, ки дар назди қасри подшоҳияш бунёд шудааст, вале чуноне медонем асрҳо мешавад, ки он масҷид бо номи Масҷиди ақсо маъруф аст.
4-Таърихи масҷиди ақсо. Аз ривоятҳои таърихӣ аз таърихи масҷиди ақсо чанд нуктаро дониста мешавад:
1-Дониста мешавад, ки 535 сол қабл аз милоди ҳазрати Исо подшоҳи Бобул (Ироқ) Бухти Наср Байтулмуқаддасро ишғол мекунад ва Масҷиди ақсоро валангор месозад ва яҳудиёнро ғулом месозад ва аз Фаластин ба Бобул мебарад. Ин бори аввал буд, ки масҷиди ақсо валангор карда шуда буд.
2-Дониста мешавад, ки яҳудиён 70 сол дар Бобул мемонанд ва баъди ин муддат подшоҳи Форс Ардашери Баҳман, ки яҳудиён вайро Куруши кабир мегӯянд, онҳоро дубора ба Байтулмуқаддас овард ва онҳо дубора масҷиди ақсоро бунёд карданд.
3-Дониста мешавад, ки дар соли 70 милодӣ Титус амирлашкари Импиратурии Рӯм ва писари императори вақт бори дуввум Масҷиди Ақсоро хароб кардааст.
4- Дониста мешавад, ки бори саввум Масҷиди Ақсо дубора бунёд карда шудааст ва дар соли 300 милодӣ Ҳелена модари Император Константин бори саввум Масҷиди Ақсоро валангор кардааст.
5-Дониста мешавад,ки дар соли 638 милодӣ мусулмонон Байтулмуқаддасро озод кардаанд ва халифаи он вақт ҳазрати Умар бо дасти худаш санги аввали масҷиди Ақсоро гузошт, ки ин бори чаҳорум бино шудани масҷиди Ақсо буд.
6-Дониста мешавад, ки дар соли 75 ҳиҷрӣ мутобиқ бо 694 милодӣ подшоҳи уммавӣ Абдулмалик ибни Марвон бинои ҷадид барои Масҷиди Ақсо сохт ва болои санги муъаллақ гунбад сохт.
7-Дониста мешавад, ки подшоҳи уммавӣ Валид ибни Абдулмалик ки солҳои подшоҳияш 86-96 ҳиҷрӣ мувофиқ бо 705-715 милодӣ аст, бинои Масҷиди Ақсоро тағйир дод ва он бино то замони мо ҳамчунон боқист.
8-Дониста мешавад, ки Масҷиди Ақсо аз соли 638 милодӣ то соли 1099 милодӣ, яъне 461 сол дар дасти мусулмонон қарор дошт ва дар ин замон уммавиҳо ва баъди онҳо аббосиҳо ва баъди онҳо фотимиҳо ва баъди онҳо салҷуқиҳо ҳокимони Фаластин буданд.
9-Дониста мешавад, ки дар соли 1099 насрониҳо Фаластинро ишғол мекунанд ва то соли 1187 милодӣ, яъне 88 сол Масҷиди Ақсо дар дасти онҳо буд, то ки дар ин сол подшоҳи мусулмон Салоҳуддини Аюбӣ онро дубора ба қаламрави ислом даровард.
10-Дониста мешавад, ки аз соли 1187 то соли 1516 милодӣ, яъне 329 сол Фаластин дар зери ҳокимияти Аюбиҳо ва дигар подшоҳони мусулмон қарор дошт.
11- Дониста мешавад, ки аз соли 1516 то соли 1917 милодӣ, яъне 401 сол Фаластин дохили хилофати Усмонӣ қарор дошт. Дар соли 1917 лашкари муштараки англисҳо ва амрикоиҳо таҳти фармондеҳии генерал Аленбӣ Фаластинро ишғол мекунад.
12-Дониста мешавад, ки дар 29 ноябри соли 1947 милодӣ дар ҷамъияти умуми милали муттаҳид Фаластин ду тақсим карда шуда 56,6% онро барои яҳудиён ва 43% онро барои мусулмонон ва 04% -ро, ки аз масоҳати шаҳри Байтулмуқаддас аст, минтақаи байналмилалӣ эълон шудааст ва Масҷиди Ақсо дар ин минтақаи байналмилалӣ аст, вале ишғолшуда аст.


