Сураи Анфол Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анфол Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анфол Ояти 19

إِنْ تَسْتَفْتِحُوا فَقَدْ جَاءَكُمُ الْفَتْحُ ۖ وَإِنْ تَنْتَهُوا فَهُوَ خَيْرٌ لَكُمْ ۖ وَإِنْ تَعُودُوا نَعُدْ وَلَنْ تُغْنِيَ عَنْكُمْ فِئَتُكُمْ شَيْئًا وَلَوْ كَثُرَتْ وَأَنَّ اللَّهَ مَعَ الْمُؤْمِنِينَ ١٩

Ин тастафтиҳу фақад ҷаакуму-л-фатҳ. Ва ин тантаҳу фа ҳува хайру-л лакум. Ва ин таъуду наъуд. Ва лан туғния ъанкум фиатукум шай-ав ва лав касурат. Ва анналлоҳа маъа-л-муъминӣн. 19.

19. (Эй мушрикон!) Агар талаби фатҳ кардед, пас, батаҳқиқ, фатҳ шуморо омад. Ва агар бозистед, пас, он шуморо беҳтар аст ва агар бозгардед, Мо ҳам бозгардем. Ва ҷамоъаи шумо агарчӣ бисёр бошад, ҳаргиз аз шумо ҳеҷ чизро дафъ накунад. Ва (бидонед, ки) Аллоҳ ҳамроҳи мусалмонон аст.

Сабаби нузули ин оятро Ҳоким аз Абдуллоҳ ибни Саълаба ривоят кардааст, ки мушрикони араб хусусан Абӯҷаҳл, ҳангоме ки хостанд бо қасди ҷанг алайҳи мусалмонон ба Бадр аз Макка хориҷ шаванд, қаблан дохили Каъба шуда, даст ба чодари Каъба зада, дуои истифтоҳ (кӯшоиш) хонданд ва аз Аллоҳ хостанд, ки миёни онҳо ва мусалмонон доварӣ намояд ва дар ин ҷанге, ки дар пеш истодааст, гурӯҳи ҳақро бар ботил пирӯз гардонад. Он нодонҳо худро сазовори ин гуна дуо дониста, бо як боварии комил пиндоштанд, ки нисбат ба мусалмонҳо афзалтаранду дар роҳи ҳақ ва меҳвари ҳидоят устувортаранд. Вале онҳо иттилоъ надоштанд, ки алайҳи худ дуои бад ва ба фоидаи мусалмонҳо дуои нек мекунанд. Лизо, пас аз мушоҳидаи натиҷаи ҷанг, оятҳои Қуръони карим онҳоро хитоб намуда фармудааст, ки агар шумо талаби фатҳу кӯшоиш кардед, ин барои шумо ошкор шуд ва донистед, ки кадом гурӯҳе аз шумо аълою афзал ва дар меҳвари ҳидоят бештар устувортар будааст. Яъне аъло будани лашкари мусалмонҳо аён шуд. Агар шумо мушрикон аз зиддият ба Пайғамбар (с) ва мусалмонҳо даст бардоред ва аз куфр рӯй гардонида, тобеи онҳо шавед, беҳтар аст ва ба фоидаи шумост.

Агар баъди чунин воқеъаҳо мушрикҳо бознаистанд ва бар зидди мусалмонҳо бозгарданд, ваъдаи Худованд аст, ки Мо ҳам бар зидди онҳо ва ба кٕӯмаки мусалмонҳо бозмегардем.

Эй мушрикон, як бор боз гаштани Моро аз сар гузаронидед. Локин инро дониста монед, ки вақте мо алайҳи шумо бозгардем ҳар чи қадар гурӯҳи шумо зиёд бошад ҳам, он дар муқобилаи нусрати илоҳӣ, чуноне ки дар воқеаи Бадр гузашт, ҳеҷ аст. Зеро Аллоҳтаъоло ҳамроҳи муъминҳост. Вақто ки Аллоҳ ҳамроҳи муъминҳо бошад, кадом гурӯҳ метавонад дар муқобала пирӯз шавад?


Рӯйхати оятҳои Сураи Анфол «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анфол Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анфол Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)